ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ. ФАРОГИРИИ КӮДАКОН БА ИН ЗИНАИ ТАҲСИЛОТ ҲАНӮЗ ҲАМ НОКИФОЯ АСТ
Яке аз нуктаҳои меҳварӣ дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2024) фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ва фароҳам овардани шароити арзанда барои рушду инкишофи онҳо буд. Бо назардошти аҳамияти ин зинаи таҳсилот дар ташаккули равонии кӯдакон, Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар панҷ соли минбаъда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакон ба ин зинаи таҳсилот дар мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 800 кӯдакистон бунёд ёбад. Ҳар маҳаллае, ки дорои 100 хоҷагист, бояд соҳиби боғча бошад.
ФАРОГИРИИ КӮДАКОН БА ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ 23,2 ДАРСАДРО ТАШКИЛ МЕДИҲАД
Аз рӯи омори соли гузаштаи Вазорати маориф ва илм, дар ҷумҳурӣ 744 муассисаи таҳсилоти томактабӣ (аз ин 147 кӯдакистони хусусӣ) мавҷуд мебошад, ки дар он наздики 114 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ҳамзамон, дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 2884 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии беш аз 131 тарбиятгиранда дар 5569 гурӯҳ фаъолият мекунад. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023-юм 503 марказ зиёд мебошад, ки дар он наздики 35 ҳазор кӯдак таълиму тарбия мегирад.
Дар кӯдакистонҳо якҷоя бо марказҳои номбурда, дар маҷмуъ, 23,2 дарсади кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудаанд, ки ин рақам ҳанӯз нокифоя аст.
Як сабаби норасоии муассисаҳои томактабӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, бар асари воқеаҳои солҳои 90-ум вайрону валангор гардидани кӯдакистонҳо арзёбӣ мешавад, ки боиси аз фаъолият монданашон гашт. Аммо дар замони соҳибистиқлолӣ шакли алтернативии ҷалби кӯдакон ба ин зинаи таҳсилот ба роҳ монда шуд: ташкили марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак. Вале боз саволе ба миён меояд, ки оё ин марказҳо метавонанд ҷойгузини муассисаҳои томактабӣ бошанд?
МАРКАЗҲОИ ИНКИШОФИ КӮДАК ҶОЙГУЗИНИ КӮДАКИСТОНҲО МЕШАВАНД?
Дар ин робита, сардори раёсати таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илм Ҷамшед Маҷидзода гуфт: “Марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак шакли алтернативии таълиму тарбияи томактабист. Бо назардошти эҳтиёҷоти зиёди аҳолӣ ба таҳсилоти томактабӣ, дар деҳаҳое, ки бунёди кӯдакистон мушкилтар аст, дар назди мактабҳо марказҳои инкишофи кӯдак таъсис додем, то кӯдакон аз таълиму тарбия дур намонанд”.
Вале бояд гуфт, ки ин марказҳо аз кӯдакистонҳо ба куллӣ фарқ мекунанд. Дар онҳо кӯдак тавассути бозӣ танҳо аз соати 8 то 11 ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаваду халос. Соли 2023 дар Парлумони кишвар татбиқи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2021-2025-ро таҳлил карда, аз вазъи марказҳо нигаронӣ карда буданд, ки дар қисми зиёди онҳо шароит барои таҳсил, барномаи таълимӣ, ҳолати психологӣ, ғизо ва ҳатто оби нӯшокӣ сарфи назар шудаасту ба таъкиди масъулони Вазорати маориф ва илм, солҳои гузашта аз ҷиҳати ҳуҷҷатнигорию тартиби фаъолият дар ин самт мушкилҳо ҷой доштанд. Аммо моҳи октябри соли гузашта Вазорат Низомномаи марказҳои инкишофи кӯдакро таҳия кард, ки имрӯз фаъолияти тамоми марказҳо тибқи он ба роҳ монда шудааст ва дар самти таълим камбудиҳо рафъ гардидаанд.
Вале чуноне ба мушоҳида мерасад, масъалаи норасоии кадрҳо чи дар марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак ва чи дар муассисаҳои томактабӣ аз мушкилоти умда боқӣ мемонад. Зеро кор бо кӯдакон нозукиҳои худро дораду на ҳама вақт маълумоти омӯзгорону мураббияҳо ба ин равия мувофиқат мекунад. Аз ҷониби дигар, аз соли 2024 инҷониб, воҳиди кории психолог аз байн бардошта шудааст, ҳол он ки будани равоншиносон ба андешаи мутахассисон шарт ва зарур аст. Чун онҳо ба василаи ёрии равонӣ ба мутобиқшавии кӯдак ба муҳити наву донишҳои лозимаро фаро гирифтани ӯ кумак мерасонанд. Перомуни ин масъала, аз Вазорат гуфтанд, ки сар аз соли нави таҳсил ин воҳиди кориро барқарор карданианд, вале дар ҳоли барқарор кардан психологҳо мерасанд ё не, боз ҳам саволи посухталаб аст...
КӮДАКИСТОНҲО ҒАЙРИМАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАНД, ЧАРО?
Соҳа як мушкили дигар дорад: ғайримақсаднок истифода гардидани баъзе муассисаҳо, ки тибқи омори аввали соли равон шумораашон ба 76 мерасад.
Бояд гуфт, ки дар самти баргардондани биноҳои муассисаҳо, корҳои мушаххас анҷом ёфтаанд. Давоми солҳои охир дар шаҳри Душанбе 4 бинои муассисаи томактабии ғайримақсаднок истифодашавандаро баргардонданд. Аз ҷумла, фаъолияти Мактаб-интернати №4 барои кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, ки дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти томактабии №№87 ва 107 ноҳияи Сино таъсис ёфта буд, барҳам дода шуда, ба тавозуни шуъбаи маорифи ноҳия вогузор гардид. Дар ҷои он сохтмони кӯдакистон барои 440 ҷой бояд оғоз ёбад. Дар вилояти Суғд бошад, аз соли 2020 то инҷониб ду муассисаи томактабии аз фаъолият бозмонда таҷдиду навсозӣ шуда, аз рӯйи фаъолияти пештараашон истифода мешаванд. Аммо то ҳанӯз дар ҳудуди вилоят 19 бино ғайримақсаднок истифода мегардад, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанду Гулистон ва Ашт 3-тоӣ, Бобоҷон Ғафурову Спитамен – 2-тоӣ, Исфараю Конибодом яктоӣ ва Зафаробод 4-то. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бошад, шумораи биноҳои ғайримақсаднок истифодашаванда аз 30 мегузарад: дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб – 5, Бохтар – 8, Норак – 3, Панҷ – 6, Вахш – 2, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Муъминобод, Ховалинг, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Ёвон 1-биноӣ. Аз шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ то ҳол бинои як кӯдакистон дар шаҳри Ҳисор, 5-то дар шаҳри Ваҳдат, ду боғча дар шаҳри Турсунзодаву 6-тои дигар дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ихтиёри дигар сохторҳоянд.
ТАДБИРАНДЕШИҲО ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД
Тибқи талаботи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 то охири соли равон фарогирии кӯдакон бояд ба 30 дарсад расад. То анҷоми сол вақт ҳам кам мондаасту мо ба ин нишондод мерасем ва ё не боз ҳам вақт нишон медиҳад. Вале як чиз умедворкунанда аст: барои амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, имрӯз ба бунёди кӯдакистонҳо дар шаҳру навоҳии кишвар диққати махсус медиҳанд. Бавижа, соҳибкорон дар иҷрои ин амр пешсафанду ташаббусҳои созандаро рӯи даст доранд. Вазорати маориф ва илм бошад, Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2026-2030-ро омода кардааст, ки аз рӯи эҳтиёҷоти аҳолӣ тайи панҷ сол сохтмони 800 муассиса дар назар аст. Бешубҳа, чунин тадбирандешиҳо самар хоҳанд дод, чун ин масъала зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.05.2025 №: 97
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН