ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАМЪИЯТИВУ МАШВАРАТӢ ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУК

05 июн 2025, Панҷшанбе
11
Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор гардид. Дар кори он сардорони воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, аҳли тиҷорат ва роҳбарони ширкатҳои брокерӣ ширкат варзиданд.
Ҷаласаро раиси Шуро – Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук, ифтитоҳ намуда, регламенти ҷаласаро тасдиқ ва мақсадҳои асосии баргузории онро шарҳ дод. Зикр гардид, ки Шуро дар асоси банди 14 моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳадафи он таҳкими ҳамкории мутақобила байни мақомоти гумрук ва субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ мебошад.
Хуршед Каримзода зикр кард, ки татбиқи сиёсати гумрукӣ ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими содирот ва воридот, инчунин, ҷалби сармояи хориҷӣ равона гардидааст.
Дар идома Аюбҷон Солеҳзода, муовини аввали раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзуи ҳамкории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти якҷояи мақомот баромад намуда, масъалаи фаъолияти ширкатҳои ба истилоҳ “якрӯза”-ро ҳамчун чолиши ҷиддӣ барои низоми андоз ва шаффофияти фаъолияти гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Аюбҷон Солеҳзода зикр намуд, ки мавҷудияти чунин ширкатҳо боиси пинҳон шудани шахсони воқеии манфиатдор ва суиистифода дар расмиёти гумрукӣ мегардад. Ӯ, ҳамчунин, ба аҳамияти мубодилаи иттилоот байни мақомот дар шакли “онлайн” ва таҳкими назорати байниидоравӣ таъкид намуд.
Сипас, Фирӯза Маҳмудова, директори Ассотсиатсияи брокерони гумрукӣ оид ба беҳсозии фаъолияти ширкатҳои брокерӣ, рафъи мушкилоти мавҷуда ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисони соҳа суханронӣ кард. Мавсуф пешниҳодҳоеро оид ба беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва ҳамоҳангии бештари ширкатҳо бо мақомоти гумрук ироа намуд.
Ширкаткунандагони ҷаласа андешаҳо ва пешниҳодҳои судманди худро иброз доштанд. Раиси Шуро ҳамаи пешниҳодҳоро қобили таваҷҷуҳ арзёбӣ намуда, дастур дод, ки онҳо дар ҷаласаҳои минбаъда баррасӣ ва таҳлил шаванд.
Дар фарҷом, Хуршед Каримзода аз ҳамкории созанда бо намояндагони вазорату идораҳо, аҳли тиҷорат ва дигар иштирокчиён қаноатмандиашро иброз дошт ва изҳори умед намуд, ки ин ҳамкорӣ дар оянда низ тақвият хоҳад ёфт.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 05.06.2025 №: 112