РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Аз 2-юм то 4-уми июн Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия баргузор мешавад. Давоми се рӯз дар шаҳрҳои Москва ва Қазон мусиқии тоҷикӣ садо дода, маҳсули кори ҳунармандони тоҷик манзур мегардад.
Маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия шоми 2-юми июн дар Театри калони Москва сурат гирифт. “Ин чорабинӣ як қадами дигар барои густариши равобити Москваю Душанбе хоҳад буд, – иброз намуд вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён. – Умедворем, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия марҳалаи дигари муҳим дар густариши муносибатҳои анъанавии мо мегардад”.
Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Олга Любимова гуфт: "Мо барномаи пурқувватеро роҳандозӣ мекунем, ки аз намоишгоҳҳо ва консертҳои ҳунармандони барҷаста иборат аст. Миқёси Рӯзҳои фарҳанг пайваста тавсеа меёбад, ки комилан ба сатҳи равобити кишварҳоямон мувофиқат мекунад".
Дар саҳнаи Театри калон сурудҳои халқӣ ва асарҳои бастакорони тоҷик намоиш дода шуданд. Дар барномаи ҳунарии “Парвози дӯстӣ” оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон, ансамбли давлатии рақсии “Зебо”, ансамблҳои рақсии “Гулрез” ва “Ҷаҳоноро”, ҳунармандони ансамбли “Дарё”, ғолиби озмунҳои байналмилалӣ Таҳмина Ниёзова ва ҳунарманди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Шарофат Усмонова ҳунарнамоӣ карданд.
Дар Маҷмааи осорхонавию намоишии Академияи рассомии Россия таҳти унвони «Зебоиҳои Тоҷикистон: мерос барои оянда» намоиш ифтитоҳ гардид. Дар он зиёда аз 30 асари рассомони маъруфи тоҷик ба намоиш гузошта шуд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия қаблан солҳои 2005, 2011, 2015, 2022 ва Рӯзҳои фарҳанги Россия дар Тоҷикистон солҳои 2005, 2010, 2014, 2017, 2021 баргузор гардидаанд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
ХУҶАНД: ТАЪМИНИ МАҲАЛЛАҲОИ НАВБУНЁД БО ОБ
Дар маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд корҳои бунёд ва навсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ҷараён доранд.
Ба ин хотир, сохтмони хатти обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд оғоз ёфта, марҳалаи аввали он ба анҷом расид. Дар ин марҳала ду ҳавзи оби тоза бо ғунҷоиши умумии 5000 метри мукааб ва як истгоҳи трансформатор ба истифода дода шуданд.
Дар марҳалаи дуюм сохтмони ду ҳавзи захиравии оби нӯшоии ҳар кадом бо ғунҷоиши 3000 метри мукааб ва хатҳои обгузари нав низ дар назар аст.
Ин иқдом аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ гашта, ба таъмини аҳолии маҳаллаҳои аз 1 то 7-ум бо оби нӯшокии босифат нигаронда шудааст. Ҳамзамон, татбиқи лоиҳаи "Обтаъминкунии маҳаллаҳои 28, 29 ва 30-юми шаҳри Хуҷанд" аз ҳисоби иншооти обдиҳии №2-и КВДК «Хуҷандобуканал» ба роҳ монда шуда, он бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр татбиқ мегардад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲР
Дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи шаҳрдорӣ солҳои охир маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд симои худро дигар намуда, корҳои ободонӣ вусъати тоза мегиранд.
Бо ташаббуси сокинони шаҳр шанбегиҳо баргузор шуда, мунтазам канори роҳҳо, боғу гулгаштҳо, роҳравҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва соҳили дарё тоза карда мешаванд. Бунёди инфрасохтори фароғатию тамринӣ дар соҳили дарёи Сир ба ҳусни шаҳр ҳусни дигар зам кардааст. Воқеан, созандагиву ободкорӣ ва сабзу хуррам гардондани муҳити атроф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати кишвар аст. Имрӯзҳо бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми фаъолонаи соҳибкорони маҳаллӣ якчанд биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва марказҳои замонавии савдо бунёд гардида истодаанд, ки ба ободии шаҳр ва беҳтар гаштани шароити зисти сокинон мусоидат хоҳанд кард.
Бино ба иттилои Маъмур Юсуфзод, сардори дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бо иқдоми соҳибкорони маҳаллаи 1-уми Май ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кӯчаи Муҳиддин Аминзода ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 700 метри мураббаъ мумфарш карда шуд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
РАШТ. МУҲОКИМАИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ
ДАР ҲУЗУРИ МУОВИНИ САРВАЗИР
31-уми май дар ноҳияи Рашт таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи 7-уми комиссияи корӣ оид ба истифодаи неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар додааст, дар вохӯрӣ иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15-уми апрели соли 2025 дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. Ҳадаф илова гардидани моддаи нав оид ба пешгирии дахолати беасос ба таҷҳизоти ҳисоби неруи барқ ва вайронкунии қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ мебошад.
Дар ҷаласа ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани тамғаҳои (пломбаҳои) муқарраршудаи асбобҳои баҳисобгирӣ, инчунин, дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупурдани маблағи истифодаи қувваи барқ раисони шаҳру ноҳияҳо, кормандони шабакаҳои барқи минтақа ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор карда шуданд.
Шуъбаи иттилооти "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 04.06.2025 №: 111
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН