РОҲНАМОИ НЕК ДИД АНҶОМРО

05 июн 2025, Панҷшанбе
13
Чандин сол боз мехостам, ки дар бораи устоди зиндаёд Абдуқодир Маниёзов олим, сарвар ва ҳам нотиқи тавоно матлабе бинависам, аммо шукӯҳаш, эътибораш, ба ростӣ, монеъ мешуд. Чӣ ҳам менавиштам, чӣ гуна? Чашм аз дидани паҳнои дарёҳо ё худ баҳрҳо оҷиз аст. Ва ҳам:
Гар бирезӣ баҳрро дар кӯзае,
Чанд гунҷад?- Қисмати якрӯзае.
Ҳанӯз ҳам аз хотирам нарафтааст, ки бузургсолон, шахсони боэътибори ҷомеа ба ҳангоми дуои нек додан ба ман мегуфтанд: “Илоҳо, мисли Абдуқодир Маниёзов бишавӣ”. Мани хурдсол он замонҳо меандешидам ва аз худ мепурсидам: “Кӣ аст ин Абдуқодир Маниёзов? Чӣ коре карда, ки маҳбубият пайдо намудааст? Ва чаро ман бояд мисли ӯ шавам?”.
Баъдҳо бо ин шахсияти асил ошноӣ пайдо кардам ва баъдҳои баъдҳо дарёфтам, ки мисли ӯ шуда натавонистам. Бо ин ҳама қонеъ ба он гардидам, ки ӯро як роҳнамои дилсӯз дӯст доштам, эътироф намудам. Ва афсӯс аз он хӯрдаму мехӯрам, ки ба як пешниҳодаш бар асари ҷавонӣ ва рӯзгори танг ризоят надодам...
* * *
Абдуқодир Маниёзов 10 августи соли 1930 дар шаҳри Конибодом чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Аз нахустин хатмкунандагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1953 мебошад.
Дар замони донишҷӯӣ гӯяндаи хориҷии Радиои Тоҷикистон будааст. Воқеан, лаҳни ширин, овози мутантану марғуладор дошт. Фикр мекунам, ки мардуми одӣ ӯро ба ин васила, шинохт ва дӯст дошт.
Пас аз хатми аспирантура дар соли 1956, яъне баъди се соли хатми Донишгоҳ ба сифати ходими илмӣ, муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, муовини сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик ва солҳои тулонӣ директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, муовини раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд”, ҷонишини раиси шуъбаи Тоҷикистони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ бо Афғонистон, узви Кумитаи муҳофизати сулҳи Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адабиёти форсии Эрон буд.
* * *
Нахустин мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавии Абдуқодир Маниёзов дар солҳои 50-уми асри гузашта ба табъ расидаанд. Рисолаи илмияш соли 1958 бо номи “Публитсистика ва назми устод Айнӣ” нашр шуд, ки онро дар роҳи таҳқиқу омӯзиши осори ин устод қадами наву ҷиддӣ пазируфтанду муаррифӣ карданд.
Пас аз ин бисёр мақолаҳояш дар бораи сардафтари адабиёти навини тоҷик ва хидмати беназираш дар бедории миллӣ, муаррифии тоҷикон бо таъриху адабиёти он дар матбуоти даврӣ нашр гардиданд.
Абдуқодир Маниёзов дар таҳияву нашри ашъори устод Айнӣ-“Ахгари инқилоб” (1958), “Куллиёт”-и ӯ (1960-1981), маҷмуаи “Устод Айнӣ дар хотираи дӯстон ва шогирдон” (1968), китоби “Масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик” (1970), ашъори Абуалӣ ибни Сино (1980), “Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо (ҷ. IV. 1980), дуҷилдаи осори Мирзо Турсунзода (1981), “Луғати рӯсӣ-тоҷикӣ” (1985), таҳрири нашри форсии “Фарҳанги забони тоҷикӣ (1998) ва ғайраҳо саҳми арзанда дорад. Яке аз муаллифони китоби дарсии “Адабиёти советӣ” (барои синфи 4, 1997-1985) буд.
Мақолаҳояш берун аз кишвар, аз ҷумла дар Киев, Тошкент, Кобул, Теҳрон, Вашингтон нашр шудаанд. Асари “Хамсат-ул-мутаҳаййирин”-и Алишер Навоӣ, қиссаи “Руал Амудсен”-и А. Яковлев (ҳамроҳи Н. Холмуҳаммадов, 1961), “Лол”-и В. Короленко (1965), “Тоҷикон”-и Б. Ғафуровро (ҷ.1,2, 1986, ҳамроҳи Н. Холмуҳаммадов) тарҷума кардааст.
* * *
Агарчи аз марги ҷисмонии Абдуқодир Маниёзов беш аз 15 сол гузаштааст, аммо дар дилҳои аҳли илму адаб, дӯстдорони он то ба ҳанӯз, маъво дорад. Оре, гӯё худ аз забони Ҳофиз гуфтааст: “Дар синаҳои мардуми ориф мақоми мост”.
* * *
Соли 1985 дар бораи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ барномаи телевизионӣ навиштам. Ба ин хулоса омадем, ки шеърҳои ин орифи бузургро Абдуқодир Маниёзов қироат кунад. Мани корманди ягона телевизиони кишвар ба Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ, ба назди директори он Абдуқодир Маниёзов рафтам. Пешниҳодамро хуш пазируфта, бо ман падарона, ҳалимона суҳбат кард. Дар зимни суҳбат сухан сари Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ рафт. Мани дар айни ғурури ҷавонӣ бо ӯ баҳс кардам, баъзе аз андешаҳояшро рад намудам. Чандин китобҳои чопҳои сангии Ҳофизро овард. Чун дарёфт, ки хатти шикаста, настаълуқ ва дигар анвои онро озод, бе мушкилӣ мехонам ва байтҳоро тафсир карда метавонам, шод гардид. Пешниҳод кард, ки ба Институт, ба кор биёям. Худаш мавзуям медиҳад ва роҳбари кори илмиям мешавад.
Гуфт: “Писарам, “не” нагӯ, биё, мо ба дастхатхонҳое чун шумо ниёз дорем. Ин адабиёти ғаниямонро ба ҷаҳониён бояд шинос кунем, дар тарбияи инсонӣ, ахлоқии ҷомеа саҳм бигирем”.
Камии маош нисбат ба идораи телевизион монеи пазируфтани пешниҳодаш шуд. Бо ин ҳама бо узрхоҳӣ изҳор дошт: “Ҳар вақт ки имконатон шуд ва хостед, биёед, дари ин даргоҳ ҳамеша ба рӯятон боз аст. Роҳбарии кори илмиятонро ман худам ба уҳда мегирам ва ёриатон мерасонам”.
Пас аз чанд рӯз амалу суҳбати худро нисбат ба ин шахсияти маъруф густохона дарёфтам ва узрпурсӣ рафтаму ҷавониямро сабаб овардам. Шояд ба ин хотир, ки ман наранҷам ва шарм надораму азоб накашам, гуфт: “Не, писарам, як суҳбати хуб буд ва бовар дорам, ки рӯзе пешниҳодамро мепазиред. Охир, барои миллат, чун метавонем, бояд хидмат бикунем”.
Ҳолиё ба худ мегӯям: “Кош ин устод дар миёни мо ҷисман зинда мебуд ва як бор дар айёми пирӣ, на ҷавонию ғурураш аз ӯ узр мепурсидам. Дар ҳақиқат:
Раҳнамои нек дид анҷомро,
Ҳон, биҳил аз хеш фикри хомро.
Оре:
Марди охирбин муборак банда аст.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.06.2025 №: 112