ТОБИСТОН. НАВРАСОН ЧӢ ГУНА ИСТИРОҲАТ МЕКУНАНД?

17 июн 2025, Сешанбе
8
12-уми июн лагеру мавзеъҳои истироҳатии хонандагон дари худро барои кӯдакону наврасон боз намуданд. Дар мавсими «Тобистон-2025» дар ҷумҳурӣ қариб 5 ҳазор истироҳатгоҳ (наздимактабӣ, варзишӣ, санаторӣ, солимгардонӣ, меҳнатӣ) омода гардида, дар онҳо беш аз 250 ҳазор нафар кӯдак ва наврасон ба фароғат фаро гирифта мешаванд. Ҳамзамон, 30 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ, аз ҷумла дар вилоятҳои Суғд 10, Хатлон 3, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12-то ба мавсим омода гардидаанд.
Исмоил Файзизода, муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки ба масъулон супоришҳои мушаххас ва тавсияҳо ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои саривақтиву омодагии ҳамаҷониба барои қабулу гусели истироҳаткунандагон дар ин мавсим дода шуд. Таъкид гардид, ки аз тамоми тадбирҳо самаранок истифода намуда, ташкил ва назорати лагерҳои истироҳатӣ барои кӯдакону наврасон дар ин мавсим дуруст ба роҳ монда мешавад, то ки хонандагон бо хотири хушу болида ба хонаҳояшон баргарданд.
Кӯдакону наврасони ятим, бепарастор, аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ва тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ройгон бо роҳхат таъмин карда мешаванд. Волидайни хоҳишмандон метавонанд барои фарзандони худ ба таври ғайринақдӣ роҳхат дастрас намоянд.
Имсол мавсими истироҳати кӯдакону наврасон дар 4 баст 12-рӯзиро дар бар мегирад. Ба ҳар баст аз 150 то 400 нафар қабул карда мешавад.
Масъалаи таълиму тарбияи насли наврас, дар замири онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, пос доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ ва талқин намудани ҳурмату эҳтиром нисбат ба калонсолон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, аз ҷумла соҳаи маорифи мамлакат, ба шумор меравад. Бо ҳамин мақсад, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон фаъолияти кумитаҳои соҳавиро дар ин самт назорат намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва идораҳои дахлдор масъалаи бо омӯзгорони баландихтисос таъмин намудани истироҳатгоҳҳо ва дар онҳо муҳайё намудани шароити заруриро амалӣ менамояд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 17.06.2025 №: 119