ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. АВЛАВИЯТ БА САМАРАНОКИИ КИШОВАРЗӢ
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти ҷамъоварӣ ва содироти мева, нашъунамои пахта ва кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намуд.
Яке аз чунин иншооти муҳим бинои нави МТМУ №26 дар деҳаи Чорсӯ мебошад, ки барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бино аз як ошёна иборат буда, айни ҳол корҳои ороишиву рангубори он идома доранд. Ин таълимгоҳ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва саҳми аҳолӣ бо маблағи 1,4 миллион сомонӣ бунёд гардида истодааст.
Раиси вилоят зимни боздид аз мактаб ба масъулон дастур дод, ки иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омодасозии хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо, таъмини китобхонаҳои электронӣ, кабинетҳои фаннӣ ва ҷалби мактаббачагон ба китобхонӣ ҷоннок намоянд.
Сипас, раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои нави мактаби варзишии кӯдакон ва наврасон, воқеъ дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ, шинос шуд. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, ба маблағи 5,8 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бунёд мегардад. Тибқи нақша, сохтмони иншоот дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба анҷом мерасад. Айни ҳол таҳкурсии бино пурра рехта шуда, 20 нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидааст.
Ҳамзамон, раиси вилоят аз фаъолияти қисми мустақили 28-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боздид намуда, бо имкониятҳо ва таҷҳизоти мавҷудаи ин ниҳод шинос шуд.
Иттилоъ доданд, ки қисми мазкур бо 5 техникаи сӯхторхомӯшкунӣ таъмин мебошад. Дар доираи сафари корӣ ба кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ як техникаи нави оташнишонӣ тақдим гардид.
Ҳамзамон, раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз ҳолати нашъунамои пахта ва кишти такрорӣ дар хоҷагии деҳқонии Тӯрахон Исанқулов боздид намуд. Дар хоҷагӣ, ки дорои 255 гектар замин мебошад, имсол дар майдони 150 гектар пахта кишт шудааст. Пахтаи навъи чинӣ, ки мутобиқ ба иқлими маҳаллӣ аст, нашъунамои хуб дорад.
Раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон таъкид намуд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин, кишти такрорӣ ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти босифат бояд дар меҳвари фаъолият қарор гирад. Дар ин замина, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва мутобиқ ба иқлими маҳаллӣ ҳамчун омили калидии баланд бардоштани ҳосилнокӣ арзёбӣ шуд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
ХАТЛОН. ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ ДУЮМИ ЛОИҲАИ ҶУСТУҶӮИ НАФТИ «БОХТАР»
Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва роҳбарони ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин «СИ-ЭН ПИСИ Интернешнл» ва «БИҶИПИ-ИНК» маросими кушодашавии марҳалаи дуюми корҳои сейсмоиктишофӣ дар доираи лоиҳаи “Бохтар” дар шаҳри Левакант баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ техника ва имкониятҳои технологие, ки аз ҷониби ширкатҳои чинии мазкур ҷалб шудаанд, ба намоиш гузошта шуда, масъулон оид ба ҷараёни корҳои анҷомёфта ва нақшаҳои оянда маълумоти муфассал доданд. Зикр гардид, ки марҳалаи аввали лоиҳа соли 2008 оғоз гардида, дар доираи он корҳои ҷустуҷӯии минтақавӣ, магнитоиктишофӣ ва сейсмоиктишофӣ ба анҷом расонда шуданд. То ба имрӯз дар ин самт беш аз 110 миллион доллари ИМА сарф гардидааст.
Ширкати «СИ-ЭН ПИСИ Интернешнл» аз соли 2024 ба иҷрои корҳои иктишофӣ – геофизикӣ оғоз намуда, дар ҳамин сол дар масоҳати 15 400 км корҳои магнитоиктишофӣ ва гравииктишофиро ба маблағи 7,4 миллион доллар анҷом додааст.
Бино ба иттилои пешниҳодгардида, татбиқи лоиҳаи мазкур барои муайянсозии минтақаҳои дорои захираҳои саноатии нафту газ ва интихоби нуқтаҳои пармакунии чоҳҳои ҷустуҷӯӣ замина фароҳам меорад.
Дар доираи оғози марҳалаи дуюм, ҳамчунин, машварати корӣ доир гашт. Давлаталӣ Саид таъкид кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар доираи амалишавии ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръат, аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда ба таври самаранок истифода намуда, барои рушди соҳаи нафту газ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ тадбирҳои заруриро амалӣ месозад.
– Вилояти Хатлон дорои захираҳои бузурги нафту газ мебошад, ки истифодаи мақсадноки онҳо метавонад ба рушди устувори иқтисоди миллӣ ва таъмини эҳтиёҷоти энергетикии кишвар мусоидат намояд, – иброз дошт раиси вилоят ва ба роҳбарияти ширкатҳои чинии ҳамкор барои дастгирӣ ва иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаи «Бохтар» изҳори сипос намуд.
Дар утоқи назоратии лоиҳа мутахассисони чинӣ натиҷаҳои марҳалаи аввали фаъолиятро муаррифӣ намуда, дурнамои рушди минбаъдаи лоиҳаро шарҳ доданд. Қайд гардид, ки корҳои сейсмоиктишофӣ дар доираи лоиҳа дар ҳудуди 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз беш аз 500 нафар сокини маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб гардидааст. Тибқи нақша, шумораи кормандон то 900 нафар хоҳад расид.
Дар анҷоми чорабинӣ изҳори умед карда шуд, ки татбиқи ин лоиҳаи муҳими геологӣ ба натиҷаҳои мусбат оварда, заминаи устувор барои оғози пармакунии чоҳҳои ҷустуҷӯии нафту газ гузошта мешавад. Ҳамзамон, ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ ва ҷалби бештари ширкатҳои чинӣ ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
«700 СОЛ БО ҲОФИЗ»
Чанде пеш таҳти чунин унвон дар қароргоҳи ЮНЕСКО (шаҳри Париж) ба ифтихори 700-солагии шоири фарҳехтаи тоҷик Ҳофизи Шерозӣ Конфронси байналмилалии илмӣ ва намоиши ҷашнӣ доир гардид. Дар ин бора Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Зимни ифтитоҳи расмии намоиш вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён ва муовини директори генералии ЮНЕСКО Лидия Бритто роҷеъ ба мақому манзалат ва саҳми мондагори Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар рушди адабиёти оламшумули тоҷику форс сухан гуфтанд.
Боиси зикр аст, ки дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нусхаҳои дастнавис ва китобҳои чопи сангии «Девон»-и Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, ки аҳамияти бузурги илмӣ ва таърихию фарҳангӣ доранд, пешниҳод шуданд. Инчунин, дар намоиш намунаҳои ҳунари хушнависӣ ва асарҳои санъати миниётурнигорӣ, ки аз ҷониби рассом-миниётурнигори тоҷик Олимҷон Комилзода дар асоси ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ тасвир гардиданд, ба тамошо гузошта шуда буданд.
Дар баробари осори хаттӣ, ҳамчунин, намунаҳои гуногуни ҳунарҳои қадимаи миллӣ, ба монанди сӯзаниҳо, атласу адрас, мисгарӣ, кандакории рӯйи чӯб, кундал ва дигар мероси фарҳангӣ, ки бо ҳунари баланд омода гардидаанд ва муаррифгари фарҳанги тоҷикон мебошанд, намоиш дода шуданд.
Бояд гуфт, ки ҳадафи намоиш муаррифии осори ҷаҳоншумули Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар қалби Аврупо ва арҷгузорӣ ба ин шахсияти таърихӣ ва осори бебаҳои шоир мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ аз зумраи бузургтарин шоирони тоҷику форси асри XIV аст, ки бо гузашти чанд аср ҳанӯз ҳам ғазалиёти ширину гуворо ва дилошӯби ӯ ҳамрози мардумони гуногунқавму гуногунфарҳанг боқӣ мемонад.
З.РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.06.2025 №: 119
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД