ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
Нафси бад директори ҶДММ-ро ба толори суд бурд
Директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Давлатманд”-и шаҳри Кӯлоб И. Саидов бо ҷурми тасарруфи маблағҳои буҷетӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, И. Саидов ҳамчун муассис ва роҳбари ҶДММ “Давлатманд” дар озмуни музояда вобаста ба “Азнавсозии роҳҳои пиёдагард ва мошингарди дохилишаҳрии аҳамияти маҳаллидоштаи шаҳри Кӯлоб” ва “Азнавсозии намои берунаи хонаҳои истиқоматии хиёбонҳои шаҳри Кӯлоб” ғолиб шуда, ҳангоми иҷрои корҳои таъмирӣ дар иншооти мазкур ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ даст задааст. Номбурда, моҳҳои май ва июни солҳои 2023-2024 ҳаҷм, меъёр ва арзиши масолеҳи истифодашударо зиёд нишон дода, бо ин роҳ 189,741 сомониро тасарруф намудааст.
Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба И. Саидов бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 340 қисми 2 банди “а” (сохтакорӣ...) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
Ноболиғи кордбадаст завлонабадаст шуд
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ноболиғи 17-солаеро дастгир карданд, ки ба содир намудани ҷинояти авбошӣ гумонбар мешавад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, гумонбар 31-уми майи соли 2025 дар кӯчаи Мири шаҳри Душанбе бо як ҳамсоли худ муноқиша карда, бо зарби корд ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расондааст. Дар натиҷаи ин кирдор ҷабрдида, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ошкор шудани ҳолати дуздӣ ва оғози парвандаи ҷиноятӣ
Як сокини ноҳияи Муъминобод, ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ марди 43-сола ном мебарад, ба содир намудани ҷинояти дуздӣ айбдор мешавад.
Кормандони милитсия муайян карданд, ки ин мард 31-уми майи соли ҷорӣ дар молбозори шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор аз ҷайби марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе 10 ҳазор сомониро дуздидааст.
Маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.06.2025 №: 112
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН