ЗАФАР НОЗИМОВ. ЁДЕ АЗ СИТОРАИ САНЪАТИ МИЛЛӢ
Аввали солҳои 60-уми садаи ХХ ба майдони ҳунару санъати мусиқии тоҷик неруҳои нави эҷодӣ ворид шуданд. Онҳо бо эҷоди тозаю пурмазмун ва овози ғулғулафканашон санъати миллии мардуми моро дилангезу рангоранг намуданд. Дар ин таҳаввулоти эҷодӣ санъатварони ҷавони вақт чун Боймуҳаммад Ниёзов, Одина Ҳошимов, Зафар Нозимов, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Назриев ва чанде дигарон бештар саҳм доштанд.
Дар радифи ин сарояндагони мумтоз овозхони шуҳратёр Зафар Нозимов дар ҷумҳурӣ ва берун аз он мақому манзалати хос дошт. Ӯ на танҳо сурудҳои тоҷикӣ, балки русӣ, ӯзбекӣ, эронӣ, озарӣ, қирғизӣ, туркӣ, арабӣ, аз қабили “Гал менем, Лейли”, “Любимые глаза”, “Песня первой любви”, “По горным дорогам”,”Ты хотел со мной поговорить”, “Айва”, “Қара қуз”, “Айтаман”, “Фиғон ким ”, “Соз билан, ишқ билан”, “Доғ мен”, эронии “ “Кошки маро мебурдӣ”, “Нару, нару”-ро бо маҳорати воло иҷро мекард. Ҳамин буд, ки дар синни 24-солагӣ (1964) ба унвони Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон, дар синни 34-солагӣ (1974) Артисти халқии РСС Тоҷикистон ва баъдан бо Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1988) ва бахшида ба 50-солагии фаъолияти эҷодиаш (2009) бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, дараҷаи III, сазовор гардид.
Борҳо аз забони устод Зафар Нозим шунида будем, ки ӯ барои иҷрои сурудҳои халқӣ ва классикӣ заҳмати зиёде ба харҷ додааст. Аз ҷумла, боре устод гуфта буд: “Ман дар эҷодиёти худ сабки иҷрои сурудҳои классикиро истифода кардаам. Дар фаъолияти беш аз панҷоҳсолаам ашъори адибони классикро зиёд мутолаа намуда, шеъре, ки ҳамсадои дили ман буд, ба оҳанг даровардам. Ҳаводорони суруду оҳангҳои ман хуб дар хотир доранд, ки бештар суруду ғазалҳоро аз ашъори Абдулқодири Бедил, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Нақибхон Туғрал, Ҳофизи Таниш ва чанде дигарон гулчин намуда, ба оҳанг дароварда иҷро намудам. Ҳар ҳунарманд бояд кӯшиш кунад, ки дар ҳар консерташ ба мухлисону дӯстдорони санъати мусиқӣ суруду оҳангҳои навро пешкаш намояд”.
Суруду оҳангҳои Зафар Нозим як марҳалаи нав дар санъати овозхонии муосири тоҷик ва пайванд бо анъанаҳои барҷастаи ашъору суруду оҳангҳои классиконамон маҳсуб мебошад. Бешубҳа, онҳо хазинаи фарҳанги миллии халқи тоҷикро ғанӣ ва рангинтар намудаанд.
Сайфиддин ШАРИФЗОДА, омӯзгор
Санаи нашр: 05.06.2025 №: 112
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН