Навидҳои фарҳанг

19 июн 2025, Панҷшанбе
13
«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»
Оғози марҳалаи дуюми Озмуни ҷумҳуриявӣ
Аз нимаи дуюми моҳи июн даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» оғоз гардид. Дар он 2676 довталаб аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок дорад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг хабар доданд.
Тибқи муқаррарот, даври дуюми Озмун дар вилоятҳои Хатлону Суғд аз 17 то 23-юми июн, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 30-юми июн то 5-уми июл, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 17 то 20-уми июн (минтақаи Рашт, шаҳраки Ғарм), аз 23 то 25-уми июн дар шаҳри Ҳисор ва дар шаҳри Душанбе аз 20 то 25-уми июн доир мегардад.
Қобили зикр аст, ки барои ғолибон ва соҳибони ҷойҳои ифтихорӣ (мақоми дуюму сеюм), дар баробари мукофоти пулӣ, инчунин, имтиёзҳои гуногун пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, ғолибон ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанг бе супурдани имтиҳон қабул мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки сарпарасти Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, соли равон барои баргузории он 7 миллиону 680 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
46-умин сессияи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими кушодашавии 46-умин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд. Тавре аз АМИТ хабар доданд, ҳадафи баргузории он татбиқи сиёсати илмии Ҳукумати мамлакат аз овони мактабхонӣ мебошад.
Қобилҷон Хушвахтзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, иброз дошт, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илм ба яке аз соҳаҳои калидӣ, афзалиятнок ва авлавиятдошта мубаддал гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки тули фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон аз ҳисоби корҳои илмию таҳқиқотии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳои мамлакат натиҷаҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.06.2025 №: 120