Ҷаласаи Шурои сарварони ҳукуматҳои ИДМ

05 июн 2025, Панҷшанбе
16
Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шурои сарварони ҳукуматҳои ИДМ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шурои сарварони ҳукуматҳои Иттиҳод баргузор мегардад.
Сарварони ҳукуматҳои давлатҳои узви Иттиҳод масъалаҳои муҳими ҳамкории минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард. Дар анҷоми ҷаласа изҳороти матбуотӣ бо иштироки Раиси Шурои сарварони ҳукуматҳои ИДМ, Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Котиби генералии Иттиҳод Сергей Лебедев барои намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор мегардад.
Вакили Маҷлиси намояндагон дар Форуми осиёӣ оид ба аҳолӣ ва рушд
Вакили Маҷлиси намояндагон, муовини раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Сурайё Дӯстмуродзода дар Форуми осиёӣ оид ба аҳолӣ ва рушд (AFPPD), ки дар пойтахти Босния ва Герсеговина – шаҳри Сараево, баргузор гардид, иштирок намуд.
Форум ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва васеъ намудани ҳуқуқу имкониятҳои занон бахшида шуд.
Дар ҳамоиш Сурайё Дӯстмуродзода доир ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти қонунгузорӣ ва фаъолияти Маҷлиси намояндагон маълумот пешниҳод намуд.
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Платформаи глобалӣ оид ба коҳиш додани офатҳои табиӣ
3-юми июн ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар маросими кушодашавии Иҷлосияи 8-уми Платформаи глобалӣ оид ба коҳиш додани офатҳои табиӣ (UNDRR) иштирок намуд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар додааст, ки Платформаи глобалӣ аз ҷониби Дафтари СММ оид ба коҳиш додани офатҳои табиӣ ташкил шуда, дар 3-4 сол як маротиба баргузор мегардад. Дар рафти кори он масъалаҳои мухталиф вобаста ба коҳиш додани офатҳои табиӣ баррасӣ мешаванд.
Раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо дастгирии молиявии Бонки олмонии рушд
Масъалаи раванди амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки бо дастгирии молиявии Бонки олмонии рушд (KfW) татбиқ мегарданд, дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо директори минтақавии Бонк дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории минбаъдаро баррасӣ намуданд.
Ҷониби Олмон маълумоти муфассал дар бораи ташаббусҳои ҷорӣ пешниҳод намуда, омодагии худро барои рушди шарикӣ бо Тоҷикистон дар асоси устуворӣ ва дарозмуддат таъкид сохт.
Душанбе мутахассисони мақомоти омори давлатҳои аъзои ИДМ-ро ба ҳам овард
3-юми июн дар шаҳри Душанбе ҷаласаи мутахассисони мақомоти омори давлатҳои узви ИДМ оид ба беҳтар намудани таъминоти иттилоотии хадамоти миллии оморӣ оғоз гардид.
Тавре Агентии омор иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа масъалаҳои ташаккул ва роҳҳои муосири паҳннамоии саривақтии иттилооти оморӣ бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ ҷиҳати баландбардории сатҳи қаноатмандии истифодабарандагони маълумоти оморӣ муҳокима гардиданд.
Санаи нашр: 05.06.2025 №: 112