ШОМИ ШАНБЕ

13 июн 2025, Ҷумъа
22
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «ҶАҲОН»
Дар ин филворд номи шаҳру мамлакатҳои гуногуни олам нуҳуфтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Мавлуда ОДИНАЕВА
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ВОЖАҲОИ РУСӢ-ИНТЕРНАТСИОНАЛӢ»:
1.Конститутсия. 2.Компютер. 3.Коррупсия. 4.Нокаут. 5.Нокдаун. 6.Трансформатор. 7.Трансплантатсия. 8.Стоматология. 9.Авитаминоз. 10.Адмирал. 11.Ассотсиатсия. 12.Каскадёр. 14.Коммуникатсия.
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82
Масъули рубрика
Ш. ШОКИР
АГАР БА ПАДАРУ МОДАР НЕКӢ КУНӢ…
Марде назди ҳакиме омаду гуфт:
– Эй донишманд ман корҳои зишти зиёде кардам, оё роҳи тавба кардан ҳаст?
Ҳаким аз ӯ пурсид:
– Оё падару модарат зинда ҳастанд?
– Модарам аз дунё рафта, аммо падарам зинда аст!
– Пас, агар мехоҳӣ гуноҳонат бахшида шаванд, бирав ба падарат некӣ кун!
Вақте мард аз масҷид рафт, ҳаким гуфт: «Эй кош, модараш зинда мебуд ва ба ӯ некӣ мекард, то ба мағфирати Худо наздиктар мешуд».
Таҳияи Файёз ФИРӮЗ
17 СОЛИ БЕКӮДАКӢ ВА 6 КӮДАК ДАР ЯК СОЛ
Аҷибола ва Адебоя Тайвоҳо солиёни зиёд таваллуди фарзандро интизор буданд. Ниҳоят, бахт ба рӯяшон хандиду пас аз ҳабдаҳ сол якбора соҳиби 6 фарзанд – 3 писару 3 духтар, гардиданд.
Кӯдакон бо роҳи чоки қайсарӣ ба дунё омаданд. Дар амалиёти ҷарроҳӣ 40 корманди тиб иштирок намуд.
Бояд гуфт, ки таваллуди шашгоник хеле кам ба мушоҳида мерасад. Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2015 дар ИМА 4 миллион кӯдак таваллуд шуда, аз ин ҳамагӣ дар 24 ҳолат ба дунё омадани 4 ва зиёда аз он кӯдакон мушоҳида гардидааст.
Таҳияи Кароматулло АТО
ЧАҲОР ЧИЗ...
Чаҳор чиз муҷиби некбахтист: асли пок, дили пок, раъйи мустақим ва табъи солим.
Чаҳор чиз нишони бадбахтист: коҳилӣ, ҷоҳилӣ, нокасӣ, бекасӣ.
Чаҳор чиз нишони аблаҳист: хештанбинӣ, такаббур, айби дигарон ҷустан ва бахилӣ кардан, аз сифла умед доштан.
Чаҳор чиз далели саодат аст: қавлу аҳди дуруст, тавозуъ дар ҳама ҳол, саъй дар касби ҳалол, нигоҳ доштани роз.
Аз чаҳор чиз парҳез бояд кард: шитобу таъҷил, хашму ғазаб, бухлу ҳасад, уҷбу (ғуруру) такаббур.
Чаҳор чиз хурд намояду бузург аст: душман, оташ, беморӣ, дониш.
Чаҳор чиз чаҳор чиз оварад: хомӯшӣ – роҳат, сафсатагӯӣ – маломат, сабукӣ – қаҳтӣ, шукр – афзунӣ.
Чаҳор чизро пас натвон овард: сухани гуфтаро, тири андохтаро, умри гузаштаро, қазои рафтаро.
Таҳияи Кароматулло АТО
ПӮЧОҚИ ТУХМРО ЗИНҲОР НАПАРТОЕД
ЧАНД МАСЛИҲАТ
Одатан, пас аз ҷӯшондан ё бирён кардани тухм пӯчоқи онро мепартоянд. Ин кори хатост, зеро пӯчоқи тухм на камтар аз худи он нафъ дорад. Тарзи омода намуданаш чунин аст:
Тухми хомро дар оби гарм шуста, зардию сафедаашро берун оред ва пӯчоқро бори дигар шуста, аз дохил пардаҳояшро барореду онро чанд дақиқа дар оби ҷӯш нигоҳ доред. Сипас, онро ду-се соат хушконда, дар ҳован то хока шуданаш кӯбед.
Истеъмоли хокаи пӯчоқи тухм ба калонсолон ва кӯдакон муфид аст. Бо назардошти синну сол дар як рӯз истеъмоли аз 1,5 то 3 грамм хока тавсия дода мешавад. Он ба организм чӣ манфиат дорад?
1. Давои дарди сутунмуҳра, санги гурда...
Истифодаи пӯчоқи тухм барои табобати варами милки дандон, остеопороз, бемориҳои сутунмуҳра, аллергия судманд аст. Шиддати диққи нафасро хокаи пӯчоқ пурра бартараф накунад ҳам, хеле сабук месозад. Тибби халқӣ онро ҳангоми табобати реши рӯдаи дувоздаҳангушта, илтиҳоби меъда, дарунравӣ, майда кардани санги гурда ва шошадон низ тавсия медиҳад.
Давом дорад
Таҳияи Кароматулло АТО
“РОБИНЗОН КРУЗО” ВА ШУҲРАТИ ҶАҲОНИИ АЛЕКСАНДР СЕЛКИРК
Соли 1709 дар Англия паёме паҳн шуд, ки киштие марди комилан ваҳширо бо либоси пӯсти ҳайвон ба Лондон овардааст. Дар як муддати кӯтоҳ тамоми рӯзномаҳо дар бораи он қисса мекарданд. Ҳангоми мутолааи матлабҳо Даниэл Дефо ба хулосае омад, ки дар бораи қаҳрамони киштӣ, Александр Селкирк, ки чор сол дар ҷазирае танҳо зиндагӣ кардааст, романе нависад. Муаллиф муддати зиёд дастхаташро ба чопхонаҳо мебурд, вале касе онро нашр кардан намехост. Ниҳоят, яке аз дӯстони ӯ барои чопи китоб ёрӣ расонд ва романи Даниэл Дефо бо номи “Робинзон Крузо” рӯйи чоп омад.
Баъдан, зиёда аз панҷоҳ “Робинзонҳои нав” нашр шуданд, аммо дар тули якчанд аср хонандагон романи машҳури Даниел Дефо - “Робинзон Крузо”-ро хуш пазируфтанд ва он ҳамчун серхонандатарин китоб эътироф гардида, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
ФУТБОЛ
Лев Яшин беҳтарин дарвозабон дар таърих
Бино ба иттилои сомонаи www.sport-express.ru, Федератсияи байналмилалии таърихи футбол ва омор (IFFHS) футболбози вақти дастаи «Динамо» (Москва) ва мунтахаби СССР Лев Яшин (1929-1990)-ро беҳтарин дарвозабон дар таърихи футбол эътироф намуд.
Дарвозабонон Ҷанлуиҷи Буффон (Италия) ва Мануэл Нойер (Олмон) мутаносибан мақоми дувум ва сеюмро гирифтанд.
Боиси тазаккур аст, ки Лев Яшин дар ҳайати мунтахаби СССР солҳои 1956 қаҳрамони бозиҳои олимпӣ ва 1960 чемпиони Аврупо шуда, 1966 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол (Англия) медали бринҷиро ба даст оварда буд. Дар таърихи футбол ӯ то ҳол ягона дарвозабоне мебошад, ки бо ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» (1963) сарфароз гардидааст.
Таҳияи Ш. АБДУЛЛО
МУҶОЗОТИ АҶИБ
Сарбозе аз канори командири ҷавон гузашт ва ба ӯ саломи одӣ дод. Командир ӯро садо кард ва бо ғазаб гуфт:
– Ту ба ман саломи низомӣ надодӣ, ҳамчун ҷазо ту бояд 200 бор ба ман саломи низомӣ диҳӣ.
Дар ин ҳангом генерал пайдо шуд ва дид, ки сарбози бечора пайиҳам ба командир саломи низомӣ медиҳад.
Генерал бо тааҷҷуб пурсид:
– Ин ҷо чӣ гап аст?
Командири ҷавон гуфт:
– Ин нодон ба ман саломи низомӣ надод. Барои ҳамин, ба ӯ танбеҳ дода, фармон додам, ки 200 бор ба ман саломи низомӣ диҳад.
Генерал бо ханда гуфт:
– Ҳақ бо туст, аммо фаромӯш набояд кард, ки ба ҳар саломи сарбоз ту низ бояд салом диҳӣ.
Гоҳо муҷозоти дигарон, дарвоқеъ, муҷозоти худамон аст.
Таҳияи Г. САЪДОНШО
ENOTECA MARIA
Тарабхонае, ки дар он танҳо бибиҳо хӯрок мепазанд
Дар Ню-Йорк тарабхонае бо номи “Энотека Мария” мавҷуд аст, ки он ҷо таомро на ошпазҳои касбӣ, балки бибиҳо аз кишварҳои гуногун омода мекунанд.
Таърихи пайдоиши тарабхона аҷиб аст. Ҷоди Скаравелла, соҳиби тарабхона, пас аз марги бибиаш, ки беҳтарин хӯрокҳоро омода мекард, тасмим гирифт, то хотираи ӯро гиромӣ дорад ва бо ин мақсад, тарабхонаи мазкурро кушода, барои пухтани таом танҳо бибиҳоро даъват кард. Дар як муддати кӯтоҳ тарабхона бо омода намудани таомҳои хонагӣ маъруф шуд. Ҳоло бибиҳо аз кишварҳои ҷаҳон: Алҷазоир, Нигерия, Аргентина, Ҷумҳурии Чех, Фаластин ва иёлатҳои гуногуни Амрико ба “Энотека Мария” меоянд, то меҳмонони тарабхонаро бо таомҳои миллии омоданамудаи худ ба ҳайрат оранд.
Ҳар шом дар тарабхона маҷмуи нави хӯрокҳо омода мешаванд ва бибиҳои навбатдорро кафкӯбиҳои бардавом аз ҷониби меҳмонони хушҳолу қаноатманд интизор аст.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
АНГУШТХОБОНӢ
Ангуштхобонии пой соли 1974 дар шаҳри Стаффордшири Британияи Кабир ташкил шуд. Ин фикри аҷиб дар яке аз майкадаҳо ба вуҷуд омад. Тасаввур кунед, ки аз миёни мардони сархуш ногаҳон яке мусобиқа эълон мекунаду он ба як намуди варзиш табдил меёбад.
Мусобиқа бо тарзи зер баргузор мегардад: ҷонибҳо кӯшиш мекунанд, ки ангушти калони пойи ҳарифро ба замин хобонанд, мисли дастхобонии маъмулӣ. Мусобиқа аз ду даври асосӣ иборат буда, дар ҳолати зарурӣ даври сеюм гузаронда мешавад.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ЭПИДЕМИЯИ ХАНДА
Дар Танганика (ҳоло Танзания) соли 1962 беморие хуруҷ кард, ки дар таърих бо номи “Эпидемияи ханда” маълум аст. Ин эпидемияи руҳӣ буд, ки бо хандаи се духтари мактаби духтаронаи деҳаи Кашаша оғоз ёфта, ба 95 духтари дигари ҳамин мактаб сироят кард. Ҳар як хандаи духтарон аз чанд соат то чанд рӯз пай дар пай идома меёфт, ки дар натиҷа онҳо дарди ҷисмонӣ ва мушкилоти нафаскаширо эҳсос карда, беҳуш мешуданд. Мактабро муваққатан бастанд, аммо эпидемия дар 14 мактаби дигар паҳн гашт ва кӯдакону наврасон ба он гирифтор шуданд. Тибқи маълумот, аз ин беморӣ касе ба ҳалокат нарасидааст.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
ПИРИ «СОҲИБКАРОМАТ»
Марде ба ҳамсараш пайваста аз пираш, ки гӯё соҳибкаромат асту илми ғайбро медонад, мегуфт. Зан ҳарчанд изҳор медошт, ки чунин суханонро ба забон наёварад, чун хилофи шаръ аст, аммо дар ин хусус бо ӯ ба даъвӣ бармехост. Зан чорае ҷуз ин надид, ки суханашро ба амале ошкоро тасдиқ намояд. Рӯзе ош пухт ва ба он марди хона гуфт, ки пирашро ба меҳмонӣ даъват кунад, то аз файзи қудумаш аҳли байт баҳравар шаванд…
Лаълии ошро назди пираш гузоштанд. Чун ду навола гирифт, ба шикоят изҳор дошт, ки гӯшташ куҷост ва чаро бароям оше пухтед бе гӯшт? Зан бо ишорат ба марди хона гуфт: «Гӯшт зери биринҷ аст». Ва пас аз рафтани ин меҳмон изҳор дошт: «Касе, ки намедонад гӯшт дар наздаш, дар лаълӣ ва дар зери биринҷ аст, чаро даъвӣ мекунад, ки хабари олами боло, ғайбро медонад?».
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
400 ҲАЗОР ДОЛЛАР – НАРХИ НОМАИ НАҶОТЁФТАИ “ТИТАНИК”
Номаи наҷотёфтаи киштии машҳури “Титаник” дар музоядае ба маблағи 400 000 доллар фурӯхта шуд. Дар ин бора “The Guardian” хабар додааст.
Дар нома полковник Арчибалд Грейс таассуроти аввалини худро дар бораи киштӣ баён кардааст: "Ин як киштии хуб аст, аммо ман то охири сафар интизор мешавам, то дар бораи он таассуроти бештарамро нависам".
Санаи тасвиби нома 10-уми апрели соли 1912 нишон дода шудааст.
Нома дар музоядаи “Henry Aldridge and Son of Devizes” дар Вилтшири Англия бо нархи панҷ маротиба бештар аз нархи пешбинишуда фурӯхта шуд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ВАРЗИШГАРОНИ МУВАФФАҚИ ОЛАМ
НОВАК ҶОКОВИЧ
Теннисбози сербӣ Новак Ҷокович яке аз бозингарони беҳтарин дар таърихи теннис маҳсуб мешавад. Бисёр коршиносон ӯро дар ҷои аввал гузоштаанд. Номбурда ҳашт мавсимро ҳамчун ракеткаи рақами яки ҷаҳон ҷамъбаст намуда, дар маҷмуъ, 428 ҳафта дар рейтинги ҷаҳонии ATP пешсаф буд. Новак куҳансолтарин чемпиони олимпӣ (инфиродӣ) ва ракеткаи рақами яки ҷаҳон мебошад. Ӯ ягона теннисбоз аст, ки 24 маротиба дар финали Grand Slam ва дар ҳамаи нуҳ мусобиқаи Masters ғолиб омадааст.
Таҳияи сарбоз-хабарнигори “Ҷумҳурият” Иброҳими САЙФУЛЛО
15 ҒОРИ ҶОЛИБТАРИНИ ҶАҲОН
Дар сайёраи мо теъдоди зиёди ғорҳо мавҷуданд, ки бо мавқеи ҷойгиршавӣ, хусусиятҳои ба худ хос ва ҳаҷмашон аз ҳамдигар тафовут доранд. Ҳатто, ҳастанд ғорҳое, ки ҳангоми ворид шудан ба онҳо кас нафасгир мешавад. Бо вуҷуди ин, мардуми шавқманд мехоҳанд аз онҳо дидан кунанд ва маълумоти бештар пайдо намоянд.
1. ҒОРИ ХАН СОН ДУНГ ДАР ВЕТНАМ
Хан Сон Дунг бузургтарин ғор дар ҷаҳон мебошад, ки дар боғи миллии «Фонгня – Кебанг», дар наздикии марзи Ветнам ва Лаос ҷойгир аст. Андозаи ғор чунон бузург аст, ки бинои 40-ошёна дар дохили он ҷой мегирад. Калонтарин платформаи ғор 5 км дарозӣ, 200 метр баландӣ ва 150 метр паҳно дорад.
То соли 1991 қариб ҳеҷ кас дар бораи ин ғор маълумот надошт.
Соли 2009 як гурӯҳи муҳаққиқони ғорҳо аз Бритониё ба он ҷо рафтанд. Аммо бо сабаби дастнорасу мушкилгузар будани он танҳо соли 2010 ба онҳо муяссар шуд, ки вориди ғор шаванд ва тамоми ҷаҳонро аз ин муъҷизаи табиат огоҳ намоянд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ШОҲРУХ ХОН ВА ЭҲСОНКОРИИ Ӯ
Шоҳрух Хон яке аз ҳунарпешаҳои бомаҳораттарини синамои Ҳиндустон ба шумор меравад. Ӯ рекордсмени барандагони ҷоизаи Filmfare Awards дар номзадии беҳтарин нақши мардона мебошад. Шоҳрух Хон соли 2005 бо ҷоизаи олии шаҳрвандии Ҳиндустон Падма Шри, соли 2007 бо ордени Санъат ва адабиёти фаронсавӣ ва соли 2014 бо ордени Легиони фахрӣ мукофотонда шудааст.
Дороии Шоҳрух Хон 800 миллион доллар арзёбӣ мешавад. Ӯ бо эҳсонкории худ низ машҳур аст. Масалан, барои бунёди хона-интернат ва дастгирии бепарасторон тақрибан 19 миллион доллар харҷ намудааст. Инчунин, барои дастгирии барномаҳои таълимӣ, ки аксар духтарони деҳот ҷалб шудаанд, 9 миллион доллар хайр кард. Шоҳрух Хон тавассути фонди хайриявии худ ба лоиҳаи тозакунии об 10 миллион доллар равона намуда, дар таъмини як ҷомеаи ниёзманд бо оби тозаи ошомиданӣ саҳм гузошт. Чаро ӯ ин корҳоро анҷом медиҳад? Боре посух дод: «Муваффақият дар он чи доред нест, балки дар коре аст, ки бо он чи доред, анҷом медиҳед».
Аз русӣ тарҷумаи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ПАНҶ ДОНИШГОҲИ БУЗУРГТАРИНИ ОЛАМ
4. ДОНИШГОҲИ ОЗОДИ ИСЛОМӢ
Донишгоҳи озоди исломӣ бузургтарин муассисаи ғайридавлатӣ дар Эрон, Ховари Миёна ва чорумин донишгоҳи калони ҷаҳон аст. Донишгоҳи мазкур соли 1982 аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ (1989-1997) таъсис ёфтааст. Дар 350 филиали Донишгоҳ 70 ҳазор омӯзгор ба як миллиону ҳафсад ҳазор донишҷӯ таҳсили илм медиҳанд. Маҷмааҳои асосии таълимии Донишгоҳ дар пойтахти Эрон – Теҳрон ҷойгир буда, баъзе бахшҳо дар Британияи Кабир (Оксфорд), Лубнон, Афғонистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб (Дубай) ҷойгиранд. Илова бар ин, Донишгоҳ дорои дафтари намояндагии байналмилалӣ дар Италия, Олмон, Танзания ва Русия аст.
Таҳияи З. ҚУТБИДДИН
Санаи нашр: 13.06.2025 №: 117