Натиҷагирӣ аз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо

03 июн 2025, Сешанбе
22
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки Сарвазир Қоҳир Расулзода, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Сауло ва намояндагони давлатҳои иштирокчии Конфронс натиҷагирӣ шуд.
«Барномаи Конфронс баргузории ду ҷаласаи умумӣ, дувоздаҳ нишасти мавзуӣ, ду мизи мудаввари сатҳи баланд, инчунин чорабиниҳои пешазконфронсӣ, аз ҷумла ҳашт форуми сатҳи баланд ва ҳабдаҳ чорабинии канориро пешбинӣ менамуд», – иттилоъ дода шуд зимни нишасти матбуотӣ. Баён гардид, ки шумораи иштирокдорони Конфронс беш аз 2600 нафарро бо намояндагӣ аз 90 кишвари ҷаҳон ташкил дод.
Натиҷаи муҳими Конфронс қабул гардидани Эъломияи Душанбе мебошад, ки ба андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи криосфера ва пиряхҳо даъват менамояд.
Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо намояндаи вижаи Дабири кулли СММ
2-юми июн мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи вижаи Дабири кулли СММ, роҳбари Маркази минтақавии Созмон оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе баргузор гардид.
Тавре ба хабарнигори мо аз хадамоти матбуоти Вазорат хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо СММ дар самту соҳаҳои мухталиф, аз қабили мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувори ҷомеа, ҳифзи захираҳои об ва пиряхҳо баён намуданд.
Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти истифодаи захираҳои об
Тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи захираҳои об байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо раиси Кумитаи оби Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибн Иброҳим ал-Абдулкарим баррасӣ гардид.
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, ки мусоҳибон густариши робитаҳо дар самти истифодаи устувори захираҳои обро матраҳ намуда, оид ба имконоти мавҷудаи ҳамкорӣ дар ин самт ибрози андеша намуданд.
Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзию саноатии Тоҷикистон дар Қазоқистон
1-уми июн дар шаҳри Кокшетауи вилояти Акмолаи Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзию саноатии Тоҷикистон баргузор шуд.
Сафорати ҷумҳурии мо дар Қазоқистон хабар додааст, ки намоиш аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Агентии содирот ташкил шуда, дар он 26 номгӯи маҳсулот, аз қабили меваи тару тоза, сабзавоти мавсимӣ, шарбати меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва меваҳои хушк, ба сокинони вилояти Акмола пешкаш гардид.
Таъмини Агентии обуҳавошиносӣ бо таҷҳизоти зарурии техникӣ
Масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ҷопон дар самти муҷаҳҳазгардонии Агентии обуҳавошиносӣ бо таҷҳизоти зарурии техникӣ барои пешгӯӣ, мониторинги захираҳои об ва ташкили системаи огоҳсозии барвақтӣ дар мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бо вазири корҳои хориҷии Ҷопон Фудзи Хисаюки баррасӣ шуданд.
Хадамоти матбуоти Кумита иттилоъ додааст, ки мусоҳибон зимни вохӯрӣ зарурати тақвияти иқтидори мутахассисон ва иштироки онҳо дар барномаҳои Агентии байналмилалии Ҷопон оид ба ҳамкорӣ /JICA/ ва кумаки грантии Ҷопон барои рушди захираҳои инсонӣ /JDS/-ро таъкид сохта, аз дастгирии татбиқи лоиҳаҳои ҳифзи муҳити зист ёдовар шуданд.
Кашфи ёдгориҳо аз шаҳристони Ҳулбук
Ходимони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар шаҳристони Ҳулбук ковишҳои бостоншиносии мустақилонаро идома дода, дар натиҷаи он садҳо ашёи гаронбаҳои таърихиро пайдо намуданд.
Корҳои кофтуковӣ дар қисмати шимолу ғарбии шаҳристони қадимӣ дар масоҳати 100 метри мураббаъ анҷом дода шуданд. Арзиши баланди илмӣ доштани баъзе аз ёдгориҳои ёфтшуда, аз ҷумла катибаҳои куфӣ ва ангуштарии тиллоӣ, ин ковишҳоро дар байни таҳқиқоти солҳои охир беназир мегардонад.
Санаи нашр: 03.06.2025 №: 110