ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН. ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБАИ МАҚОМОТИ ГУМРУК ТАВСЕА МЕЁБАНД
28-уми майи соли 2025 дар доираи ҷаласаи 10-уми Шурои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), вохӯрии дуҷониба миёни Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуд Асгарӣ, сардори Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.
Дар он ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи гумрукиро баррасӣ намуданд. Зимни гуфтугӯ, Хуршед Каримзода аз пазироии гарму сатҳи баланди ташкили ҷаласа изҳори сипос намуда, нақши муҳими СҲИ-ро дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, бахусус дар соҳаҳои гумрук, тиҷорат ва нақлиёт, таъкид кард.
Ҷонибҳо аҳамияти махсуси ҳамоҳангсозии маълумоти оморӣ, рақамикунонии расмиёти гумрукӣ ва муборизаи ҷиддӣ бо қочоқро ёдовар шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати такмили Протокол дар бораи мубодилаи иттилооти гумрукӣ ва рушди ҳамкориҳои техникӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон баён намуд.
Форуд Асгарӣ низ изҳор дошт, ки ҷониби Эрон омода аст, мушкилоти мавҷударо ҳамаҷониба баррасӣ намуда, роҳҳои ҳалли онҳоро дар муҳлатҳои кӯтоҳ муайян намояд.
Итминон аст, ки ин мулоқот ба таҳкими робитаҳои гумрукӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии байни ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
ИСТИҚЛОЛ. БА СӮИ РУШД БО РУҲИЯИ БАЛАНДИ СОЗАНДАГӢ
Сокинони сарбаланди шаҳри Истиқлол ба Ҷашни бошукӯҳи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ омодагӣ мегиранд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат, имрӯзҳо тамоми қишрҳои ҷомеа дар татбиқи нақшаҳои ҷашнӣ саҳми арзанда доранд.
Яке аз тадбирҳои муҳими омодагиҳо ба Ҷашн корҳои сохтмонӣ ва ободонист. Тибқи нақшаи тасдиқшуда дар назар аст, ки то сентябри соли 2026 дар шаҳри Истиқлол 150 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шавад. То имрӯз, аллакай, 113 иншоот мавриди истифода қарор дорад. Танҳо дар соли 2025 аз 30 иншооти банақшагирифташуда 15-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, як қатор иншооти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, майдонҳои варзишӣ ва боғҳои фароғатӣ таъмиру навсозӣ шуданд.
Бино ба иттилои муовини раиси шаҳр Давлатбек Шуҳратзода, дар шаҳри Истиқлол аз 113 иншооти пешбинишуда 5 иншоот аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ, 4-тои он аз ҳисоби буҷети вилоят, 27 иншоот аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, 71 иншоот бо кумаку дастгирии соҳибкорон ва 6-тоаш аз ҳисоби шарикони рушд бунёд хоҳад шуд.
Дар ин раванд ҷавонон чун қувваи созанда ва ташаббускор нақши фаъол доранд. Бо ташкили гурӯҳҳои волонтёрон ҷавонон дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, корҳои ободонӣ ва иштирок дар озмуну чорабиниҳо, масъулияти шаҳрвандии хешро нишон медиҳанд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
ҚИССА ВА ҲИКОЯҲОЕ, КИ БА 43 ЗАБОНИ ОЛАМ ТАРҶУМАЮ НАШР ШУДААНД
Бо ҳамин ном ҷилди аввали китоби нави адиби хушному пуркор Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) тариқи матбааи ҶДММ «Ашуриён» чоп шуд, ки 15 қисса ва ҳикояҳои нависандаро дар бар мегирад. Аз рӯи гуфтаи муаллиф, ин мақолаҳои китоб ба 43 забони хориҷӣ: аз ҷумла русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, чинӣ, ҳинду, урду, полякӣ, қазоқӣ, украинӣ, беларусӣ, ӯзбекӣ, чехиву олмонӣ, арманиву гурҷӣ, испаниву арабӣ ва амсоли инҳо, тарҷума ва чоп шудаанд.
«Нигоштаҳои басо хушобуранг, неруманд ва ҷаззоби адиби тоҷик Шераки Ориён аз мутолааи якумин ҳикояҳояш таваҷҷуҳамро ба худ кашиданд. Аз хондани қиссаҳояш эҳсос намудам, ки Худованд ба ӯ истеъдоди фавқулодаи қаламкашӣ додааст, то дар хизмати дӯстдорони адабиёт бошад», - чунин баҳо додааст нависандаи рус Анатолий Ким, баъди хондани ҳикояи «Когда ушёл дорбоз», ки дар нашриёти «Молодая гвардия»-и Москва ба нашр расида буд.
Дар китоб аз академики АМТ Абдуҷаббор Раҳмонзода, академики Академияи тасвиргарии Русия Зокир Собиров, профессори номвар Зоя Асманова оид ба эҷодиёти Шераки Ориён иқтибосҳо оварда шудаанд. Ҳамчунин, мусоҳибаи адабиётшинос Шавкат Ниёзӣ, ки дар замони Иттиҳоди Шуравӣ солҳои зиёд намояндаи адабиёти тоҷик дар Маскав буд, бо ҳафтаномаи “Ностальгия» (Москва) дар бораи насри тоҷик, хотираҳояш дар бораи устодон Мирзо Турсунзода ва Расул Ҳамзатов дар тарҷумаи Т. Бобоев низ дар маҷмуа ҷой шудаанд.
Китоби нав бо дастгирии фарди фозилу фарҳангӣ Мақсуди Муртазо ба табъ расида, мураттиби асар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Иброҳим Наққош мебошад.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 02.06.2025 №: 109
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ