ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ ТАҲКИМИ БАХШИ САНОАТ ДАР КИШВАРҲОИ ИДМ АСТ
Тоҷикистон дар чаҳорчӯби раёсати худ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мақсади идома додани татбиқи стратегии муайянкардаи сарварони кишварҳои ИДМ оид ба рушд ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, инчунин, таъмини муттасили дастурҳои пешбинишударо дорад.
Ин нукта 4-уми июн дар шаҳри Душанбе, дар ҷаласаи XI Шуро, ки оид ба сиёсати саноатии кишварҳои иштирокдори ИДМ ва нахустин мулоқоти машваратии вазирони саноати давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид, баён шуд.
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, баргузории ҷаласаро дар Тоҷикистон фурсати муносиб барои муаррифии мамлакат, шиносоӣ бо зарфият ва дурнамои рушди он дар соҳаи саноат арзёбӣ намуд.
«Иттиҳод барои Тоҷикистон як механизми муҳими татбиқи ҳамкории бисёрҷониба буда, он формати маъмули ҳамкории байни давлатҳои аъзо боқӣ мемонад», – гуфт Шералӣ Кабир.
Дар ҷаласа, ки таҳти раисии вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, роҳбарони вазоратҳои соҳавии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Русия ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳод иштирок доштанд. Ҳамзамон, роҳбарони панҷ мактаби олӣ – ташкилотҳои заминавии давлатҳои Иттиҳод оид ба тайёр кардан, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаҳои гуногуни саноат низ ширкат варзиданд.
Дар Консепсияи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, ба мавзуи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат афзалият дода шудааст.
Дар давраи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ дар соҳаи марбут аз тарафи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ дар рушди соҳаҳои саноати мошинсозии вазнин таҳия гардида, пас аз мувофиқа, ба рӯзномаи ҷаласаи Шурои сарварони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид шуд. Рӯзномаи ҷаласаи Шуро оид ба сиёсати саноатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои муҳими ҳамкории мутақобила дар рушди шарикии саноатӣ ва ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти пешрафта барои соҳаҳои технологӣ, гузариши рақамии соҳаи комплекси саноати кӯҳӣ, металлургӣ ва кимиёи кишварҳои аъзои ИДМ, масъалаҳои татбиқи созишномаҳо оид ба рушди ҳамкории киштисозии шаҳрвандӣ, инчунин, дар соҳаи саноати нафту газ, кимиё ва мошинсозиро дар бар мегирад.
Ҳамзамон, дар ҳошияи ҷаласа сарварони ҳайатҳо дар Маркази байналмилалии "Dushanbe EXPO Center" бо маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ шинос шуданд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 05.06.2025 №: 112
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН