МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МИХАИЛ МИШУСТИН

05 июн 2025, Панҷшанбе
5
4-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустинро, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарварони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба рушди шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо метавонем бо талошҳои муштарак ба пешрафти боз ҳам бештар ноил гардем.
Ба татбиқи тавофуқоти зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия, ки моҳи марти соли равон баргузор гашт ва санадҳои имзошуда таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Аз ҷумла, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика ва дар маҷмуъ робитаҳои иқтисодӣ, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт. Густариши муносибатҳо дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш ҳам самтҳои муҳими ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид. Ҳар ду ҷониб аз ҷараёни бомуваффақияти Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Москва ва Қазон изҳори қаноат намуданд.
Табодули андеша, ҳамчунин, доир ба рӯзномаи мулоқоти сарварони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ин созмон сурат гирифт.
Санаи нашр: 05.06.2025 №: 112