ҚУВВАИ БАРҚ. ТАҚВИЯТИ НАЗОРАТ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ
Роҳбари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ғайриимкон аст. Барои рушди энергетика дар ҷумҳурӣ корҳои зиёд ва назаррас ба анҷом расиданд. Сарфи назар аз ин, мутаассифона, сатҳи талафоти неруи барқ дар кишварамон нигаронкунанда боқӣ мемонад. Дар баъзе ҳолатҳо шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ, бо мақсади насупурдани маблағи истифодаи неруи барқ, нишондоди таҷҳизоти ҳисоби барқиро тағйир медиҳанд ё бе пайвасткунӣ ба чунин таҷҳизот барқро истифода мебаранд.
Бо мақсади бартарафсозии ҳама гуна дахолатҳои беасос ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва вайронкуниҳои қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ 15-уми апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. Тибқи тағйир ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ»-ро дар бар мегирад, барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят;
– ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» як нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли 2025-ум 75 сомонӣ муқаррар гардидааст, ки муҷозоти ҷаримавӣ аз рӯи ин нишондод ҳисоб карда мешавад. Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ дар моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла:
– ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 1500 то 2250 сомонӣ;
– ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 2250 то 3750 сомонӣ;
– ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 15000 то 22500 сомонӣ.
Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ба ғайр аз ҷавобгарии маъмурӣ, инчунин, ҷавобгарии ҷиноятӣ низ пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин, дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур аломатҳои вазнинкунандаи ҷиноят ба миқдори калон, бо истифода аз мақоми хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ба миқдори махсусан калон муайян шудааст, ки боиси татбиқи ҷазои вазнинтар мегардад.
Тарафи субъективӣ – қасди бевоситаро ташкил медиҳад, яъне, гунаҳкор дарк менамояд, ки дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, ба давлат зарари молу мулкӣ мерасонад ва хоҳиши содир кардани чунин кирдорро дорад. Субъекти ин ҷиноят шахси ба синни 16 расида ба ҳисоб меравад.
Барои содир кардани кирдорҳои дар қисми 1 моддаи 2531 Кодекси ҷиноятӣ ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 27375 сомонӣ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 41025 сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол пешбинӣ гардидааст.
Агар кирдорҳои номбаршуда ба миқдори калон, аз ҷониби шахс бо истифодаи аз мақоми хизматӣ ва ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, мутобиқи қисми 2 моддаи номбаршуда ҷазои ҷарима ба андозаи аз ҳашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 60000 сомонӣ то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 90000 сомонӣ ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 6 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар ба миқдори махсусан калон ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Мақсади ворид намудани иловаи моддаи 2531 Кодекси ҷиноятӣ пешгирии вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ мебошад ва ҳангоми содир гардидани чунин ҷиноятҳо ба давлат ва мардум зарар расонда мешавад, чунки ҳангоми суиистифодаи нодурусти барқ, истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ баъзе минтақаҳо дар фасли сармо бе барқ мемонанд.
Дар ин ҷо принсипи инсондӯстӣ ба инобат гирифта шудааст, яъне қонунгузор пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ ба гунаҳкор имконият медиҳад, ки ислоҳ шавад ва танҳо агар гунаҳкор ислоҳ нагардад ва давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ боз чунин кирдорро содир кунад, мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор мегирад.
Ҳар як истифодабарандаи қувваи барқ уҳдадор аст, ки таҷҳизоти ҳисоби барқиро бо тартиби муқарраргардида насб намуда, сипас, ба истифодаи қувваи барқ шуруъ намояд.
Гуфтан зарур аст, ки сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неруи барқ кори ҳамагон аст. Бояд аҳли ҷомеа дар самти истифодаи неруи барқ маърифати сарфакориро аз худ намоянд ва ба исрофи беҳудаи неруи барқ, ки барои ҳама зарур мебошад, роҳ надиҳанд.
Барно САИДВАЛИЗОДА, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Санаи нашр: 01.05.2025 №: 86
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
13 феврал 2025, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ