ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. ТОҶИКИСТОН БОРИ ДИГАР ДАР САРХАТИ ВАО-И ҶАҲОН ҚАРОР ГИРИФТ

05 июн 2025, Панҷшанбе
11
Тайи 20 сол аст, ки кишвари моро ҳамчун пешбарандаи фаъоли рӯзномаи обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ мешиносанд. Аз ибтикороти Тоҷикистон дар ин самт истиқбол мекунанд ва ба ташаббусҳои кишвари мо ба нафъи аҳли башар арҷ мегузоранд. Пӯшиши густурдаи иттилоотии нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ВАО-и хориҷӣ далели ин гуфтаҳост. Инак, номи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои калонтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ ва ҳомии муҳити зист дар расонаҳои ҷаҳон давр мезанад, ки мо дар ин матлаб муҳимтарин саҳифаҳои онҳоро варақ мезанем.
"Euronews"
Дар сомонаи шабакаи телевизионии "Euronews" доир ба Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар Тоҷикистон баргузор гардид, хабару гузоришҳо пахш шуд. Аз ҷумла, зери унвони “Президенти Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки барои ҳифзи пиряхҳо талош намоянд” гузорише нашр гардид, ки номи кишвари моро дар фазои иттилоотии Аврупо паҳн кард. Манбаъ зикр мекунад: "Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти ҷойгир будани зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои минтақа дар Тоҷикистон, пешниҳод намуд, ки якҷо бо шарикони рушд ва пажӯҳишгоҳҳои илмиву-таҳқиқотӣ экспедитсияи фарогири омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистонро ташкил карда, дар кишвари мо як озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад".
Ҳамчунин, дар мавод омадааст: "Дар Тоҷикистон бузургтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ ҷо гирифтааст. То кунун аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки манбаи ташаккули то 60 фоизи оби тоза дар минтақа мебошанд, як ҳазору сесад адади онҳо пурра нобуд гардидааст ва ҳамоно ин раванд босуръат идома дорад. Талафоти пиряхҳо на танҳо ба мероси табиии Тоҷикистон, балки ба ҳаёти миллионҳо нафар дар минтақа таҳдид мекунад".
"Euronews" бо иқтибос аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менависад: “Пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд, балки дар нигоҳдории устувории иқлими минтақа нақши калидиро иҷро намуда, барои ҳифзи иқлими глобалӣ низ аҳамияти муҳим доранд”.
Дар маҷмуъ, "Euronews" дар инъикоси нахустин Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ҳамвора аз ташаббусу ибтикороти Тоҷикистон ва ғамхориҳои Пешвои миллат барои аҳли башар ёд кардааст.
"Анадолу"
Агентии иттилоотии "Анадолу" (Туркия) низ дар моварои Конфронси мазкур маводи зиёд нашр намуд. “Президенти Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои ҳифзи пиряхҳо чораҳои фаврӣ андешанд”. Ин сарлавҳаи яке аз он матолибест, ки Агентӣ пахш кардааст. "Анадолу" менависад: “Обшавии босуръати пиряхҳо ба яке аз буҳронҳои ҷаҳонии замони мо табдил ёфт. Дар ин бора муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо изҳори назар кард”.
Манбаъ бо дастгирӣ аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ёдовар мешавад: “Тоҷикистон тайи бист соли охир рӯзномаи об ва иқлимро дар арсаи байналмилалӣ фаъолона пешбарӣ намуда, ҳамзамон бо ин, зарурати вокуниши фаврию муштаракро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъкид мекунад. Бо дарназардошти аҳамияти масъалаи мазкур, бо ибтикори Тоҷикистон дар асоси қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21-уми март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардида, дар назди Созмони Милал Бунёди эътимоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шудааст”.
Илова бар ин, Агентӣ зикр мекунад, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса моҳи августи соли гузашта аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома оид ба эълон кардани солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ” якдилона қабул гардид.
Дар ин гузориши муфассал "Анадолу" аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос кардааст: “Мо аз ҳамаи шарикон ва ҷонибҳои манфиатдор даъват менамоем, ки ин ташаббусро дастгирӣ намоянд ва ба ин васила дар татбиқи “Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ – солҳои 2025-2034” саҳми муносиби худро гузоранд”.
SPA
Агентиҳои иттилоотии кишварҳои араб ҳам дар инъикоси Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар ҷумҳурии мо гузашт, фаъол буданд. Аз ҷумла, Агентии иттилоотии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ - SPA зери сарлавҳаи “Президенти Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳоро ифтитоҳ кард” матлабе нашр кард. Дар он гуфта мешавад, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳоро бо иштироки мақомдорон ва коршиносон аз кишварҳои мухталиф ва созмонҳои байналмилалӣ ифтитоҳ кард. Манбаъ зикр мекунад, ки “Дар Конфронс якчанд ҷаласаҳо оид ба стратегияҳо ва сиёсатҳои миллӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об баргузор шуданд. Зимни Конфронс бо иштироки вазирони муҳити зист ба бунёди шабакаҳо ва шарикӣ барои муттаҳидсозии талошҳо дар ҳифзи муҳити зист тавассути ҷалби сокинон, бахусус ҷавонон ва занон, муассисаҳои таълимӣ ва бахши хусусӣ тамаркуз карданд”.
Wam
Дар ин росто Агентии иттилоотии Амороти Муттаҳидаи Араб менависад, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо як ҳайат таҳти сарварии Абдулазиз аш-Шаҳҳӣ, муовини мудири бахши пажӯҳишҳои илмӣ ва Ҳамад ал-Ҳусонӣ, мудири шуъбаи омӯзиши исломи сиёсӣ АМА-ро намояндагӣ карданд. Агентӣ зикр мекунад, ки аш-Шаҳҳӣ зимни суханронӣ дар такя ба андешаҳои Президенти Тоҷикистон гуфт: “Обшавии пиряхҳо яке аз оқибатҳои хатарноки тағйирёбии иқлим аст. Вай зарурати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалиро барои мубориза бо ин раванд ва уҳдадор шудан ба иҷрои созишномаҳои ҷаҳонӣ, аз қабили Созишномаи Париж оид ба иқлим дар соли 2025 таъкид кард”.
Хулоса, дар сатҳи олӣ баргузор гардидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва ба таври густурда инъикос гардидани раванди ин ҳамоиши бонуфуз аз ҷониби расонаҳои хориҷӣ, бори дигар номи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор ба ҷаҳониён ошно кард.
Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.06.2025 №: 112