ТОҶИКИСТОН МИЗБОНИ БОЗ ЯК ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. АЗ ЭЪТИРОФИ ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТО ҲАМГИРОИИ МИЛЛАТҲО

03 июн 2025, Сешанбе
25


Тайи се рӯз Тоҷикистон мизбони Конфронси аввали байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо буд. Зиёда аз 2500 иштирокчӣ беш аз 80 кишвари олам шоҳиди ин ҳамоиши муҳими сатҳи ҷаҳонӣ гардид. 8 Форуми сатҳи баланд ва 17 чорабинии канории дар доираи ҳамоиш роҳандозишуда паҳлуи муҳими масъаларо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Пеш аз оғози маросими кушодашавии чорабинӣ – 30-юми май, форумҳо, дар гӯшаҳои гуногуни пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе намояндагони воломақоми кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, пажӯҳишгарону коршиносон ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба ҳам оварданд, ки ҳар яке аз аҳамияти хос бархӯрдор буданд.
Дар маросими ифтитоҳи Конфронс дар Кохи Сомон бошад, субҳи 30-юми май ҳамаи иштирокдорон ҷамъ омаданд: мутасаддиён саргарми ҷобаҷокунии меҳмонону коршиносон, банди мубодилаи афкор, рӯзноманигорон дар толорҳои иттилоотӣ барои аз Душанбе ба гӯши ҷомеаи ҷаҳон расондани паёми муҳими рӯз омодагӣ мегирифтанд. Ҳама сухан аз Тоҷикистон, ташаббуси беназиру инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми кишвари мо дар ҳалли масоили глобалӣ буд, ки ба суди тамоми олам аст. Соат 9:00, Сарвари давлат ба бинои Кох ворид шуданд. Аз чор қабати он садои кафкӯбӣ ба ифтихори нафаре, ки ба фикри офияти миллиардҳо сокини сайёра ин ташаббусро пешбарӣ кардааст, ба само печид. Пас аз маросими аксбардорӣ, Пешвои миллат якҷо бо меҳмонони баландпоя вориди толор шуданд.
ДАҲСОЛАЕ, КИ ДАР ТАЪРИХ БЕСОБИҚА АСТ
Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиди обшавии босуръати пиряхҳо тайи даҳсолаи охир, бесобиқа будани ин равандро дар таърихи инсоният зикр намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки тибқи арзёбии коршиносон соли 2023 бузургтарин коҳиши солонаи ҳаҷми пирях ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа 600 гигатонна оби ошомиданӣ талаф ёфт, ки сабаби баландшавии сатҳи миёнаи уқёнуси ҷаҳонӣ гардид. Ғайр аз ин, тағйирёбии иқлим, аллакай, тақрибан сеяки пиряхҳои кӯҳиро дар саросари ҷаҳон аз байн бурд. Яъне, ин танҳо мушкилоти экологӣ нест, балки ба бисёр соҳаҳои ҳаёти инсоният алоқамандии зич дорад. Аз ин рӯ, ҳифзи онҳо барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор замина мегузорад.
АЗ УМЕД ТО ИНТИЗОРИҲОИ АМИНА МУҲАММАД
Муовини аввали Дабири кулии Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад барои дар сатҳи баланд доир намудани Конфронс ба Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори сипос намуда, ба Ҷаноби Олӣ рӯ овард: “Воқеан, ташаббуси шумо вобаста ба ҳифзи пиряхҳо, ки тақрибан 70 фоизи захираҳои оби тозаи рӯи Заминро ташкил медиҳанд, моро ҷиҳати ҳифзи ин сарчашмаи муҳими ҳаёт ва тақвияти амалҳои муҳими иқлимӣ умед мебахшанд”.
Хонум Амина баргузории Конфронсро саривақтӣ хонд, ки ҷомеаи башарро ба даъвати қатъӣ барои тақвият додани уҳдадориҳо дар амал водор месозад. Ҳамзамон, аз саҳми арзишманди Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, ЮНЕСКО, Бонки осиёии рушд ва дигар шарикон ёдовар шуда, афзуд:
«Аз соли 1975 то инҷониб зиёда аз 9 триллион тонна ях нобуд гаштааст. Солҳои 2022-2024 мо шоҳиди талафоти аз ҳама бештари массаи пирях гардидем. Ин танҳо буҳрони кӯҳӣ набуда, фоҷиаи глобалиест, ки барои инсоният оқибатҳои ногувор дорад. Талафоти пиряхҳо амнияти об ва озуқа, гуногунии биологӣ, инфрасохтор ва суботи ҷомеаи ҷаҳониро зери хатар мегузорад, зеро одамон барои оби ошомиданию полизӣ, тавлиди неруи барқ ба пиряхҳо такя мекунанд. Обшавии пиряхҳо ҳаёти инсонҳоро дар шаҳрҳои бузурги наздисоҳилӣ низ зери хатар мегузорад, боиси ба муҳоҷират рӯ овардани миллионҳо нафар мегардад. Ҳар як миллиметр обе, ки аз сатҳи баҳр боло меравад, ба зиндагии садҳо нафар таҳдид мекунад. Ғайр аз таъсири физикӣ, аз байн рафтани пиряхҳо ба таърих, фарҳанг ва ҳувияти сокинони сайёра низ зарари ҷуброннопазир мерасонад: заминҳои аҷдодӣ, донишҳои анъанавӣ ва мероси ғанӣ ба нестӣ рӯ ба рӯ мешаванд».
Дар идома хонум Амина афзуд, ки аз се як ҳиссаи пиряхҳо аз даст рафтаанд ва агар чора наандешем, ин раванд шиддат меёбад ва се паём расонд:
1. Бигзор ин Конфронс даъвати фаврӣ барои ҳамкориҳои бисёрҷониба ва ташкили шарикӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ гардад;
2. Нақшаҳои иқлимии миллӣ ҳадафҳои мушаххаси мутобиқшавӣ дар соҳаҳои об, инфрасохтор, озуқавориро фаро гиранд, то ин ки маблағгузорӣ таъмин шавад. Инчунин, барои маблағгузорӣ шароити мусоид ба вуҷуд ояд;
3. Манбаъҳои сармоягузорӣ барои бозор муайян шаванд. Дар ин замина, ҷойҳои корӣ эҷод гардида, иқтидори иқтисодӣ тақвият ёбад.
ШАҲБОЗ ШАРИФ: «УСТУВОРИИ КИШВАРИ МО АЗ УСТУВОРИИ СИСТЕМАИ ПИРЯХҲО ВОБАСТАГИИ АМИҚ ДОРАД»
Пас аз Амина Муҳаммад Шаҳбоз Шариф, Сарвазири Покистон, сари минбар омад ва бо изҳори ташаккур аз суханронии пурмуҳтавои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба вазъи кишвараш ишора кард, ки Покистон дорои беш аз 13 ҳазор пирях асту ҳифзи онҳо масъалаи ҳаётист.
«Устувории кишвари мо аз устувории системаи пиряхҳо вобастагии амиқ дорад. Покистон яке аз кишварҳои осебпазир дар ин раванд мебошад. Соли 2022 обхезии шадид рӯй дод, ки қисмати зиёди кишварро фаро гирифт, садҳо ҳазор хона вайрон гашта, инфрасохтор осеби ҷиддӣ дид. Аз ин лиҳоз, ин мушкилот амалҳои таъхирнопазирро талаб мекунад ва мо ҷамъ омадем, ки онро мавриди баррасӣ қарор диҳем.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои оянда чунин офатҳо зиёд мегарданд. Тағйироти иқлим марзро намешиносад. Мо бояд дар якҷоягӣ пайомадҳои номатлубро бартараф созем, маблағгузориро бештар карда, барои мутобиқшавӣ омода гардем. Покистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо манфиатдор аст».
ЭЪТИРОФИ ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҶОНИБИ МУОВИНИ АВВАЛИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН
Дар идомаи Конфронс муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф зикр кард, ки пиряхҳо ба унвони манбаъҳои пинҳони оби ширин ганҷинаи арзишманд барои сокинони оламанд ва ҳифзи онҳо муҷиби таъмини амният дар соҳаи об хоҳад буд. Аммо гармшавии глобалӣ ин манбаъро мавриди таҳдид қарор додааст, ки таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаро тақозо менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бисёр шоистаеро ба ҷомеаи ҷаҳон пешниҳод намуданд, ки мо онро арҷ мегузорем. Умедворам, ки баргузории ин Конфронс ба тақвияти ҳамкориҳои бисёрҷониба, табодули таҷриба ва дониш, амалигардии барномаҳо дар баробари мубориза бо хушксолию дигар пайомадҳо мусоидат менамояд.
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ҲИФЗИ СУБОТИ ОЛАМ АСТ
Муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенга зимни суханронӣ аввал таассуроти некашро аз Тоҷикистон ва мардуми меҳмоннавози он баён дошт, ки мизбонии Конфронсро дар сатҳи баланд анҷом доданд.
«Соле пеш Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор шуда буд. Ин нишондиҳандаи равшани нақши пешсафи Тоҷикистон дар пешбурди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим мебошад», – илова кард ӯ.
Константино Чивенга аз хушксолиҳои солҳои 2022-2024 дар кишвараш ёд овард, ки дар таърихи он бесобиқа буданд. Ин фарзияро низ баён дошт, ки обшавии пиряхҳо метавонад то соли 2050 се дарсади ММД-и минтақаи Африқоро коҳиш диҳад. Бо назардошти ин, суботи олам бо ҳифзи онҳо рабт мегирад. Ӯ изҳори умед кард, ки Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо метавонад қадами ҷиддӣ дар роҳи ҳалли мушкил бошад.
АЗ ГАМБИЯ ТО МАЛДИВ
Пайомадҳои иқлимӣ нигаронкунандаанд
Ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоу аз таъсири обшавии пиряхҳо ба кишварҳои соҳили уқёнусҳо сухан кард, ки тақрибан 45 дарсади аҳолии Гамбия дар соҳили уқёнуси Атлантика зиндагӣ мекунад. Ба таъкиди ӯ, қисмати зиёди аҳолӣ, аллакай, таъсири тағйироти иқлимро эҳсос намудаанд, чун болоравии сатҳи оби уқёнус ба чунин кишварҳо бетаъсир намемонад.
Дар ин робита, ноиби Президенти Ҷумҳурии Малдив Ҳусейн Муҳаммад Латиф андешаронӣ кард: «Ҳарчанд Малдив кишвари хурди ҷазиравӣ бошад ҳам, аз таъсири обшавии пиряхҳо дар канор нест. Мо барф надорем, пирях низ. Аммо ҳастиамон аз мавҷудияти пиряхҳо вобастагӣ дорад. Обшавии пиряхҳо боиси номуайянии сарнавишти мардуми мо мегардад ва занҷираи ҳаётиро аз байн мебарад. Мо – давлатҳои ҷазиравии хурд, бо вуҷуди саҳми ночиз доштан дар партовҳои ҷаҳонии газҳои гулхонаӣ, аз ин ҷараён таъсири бештар мебинем».
ПАНҶ ПЕШНИҲОДИ СЕЛЕСТА САУЛО
Сари масъалаи ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи махсус доштани Созмони ҷаҳонии метеорологӣ дар суханронии Дабири кулли он хонум Селеста Сауло дарҷ ёфт:
«Вақте ман ба Душанбе расидам, дар Швейтсария фоҷиа рӯй дод, деҳаи калоне зери яхпораҳо монд. Талафоти ҷонӣ нашуд, аммо инфрасохтор валангор гашт…
Дар Осиёи Марказӣ 28 ҳазор пирях дар кӯҳҳои Тёншон ва Помир ҷойгиранд, ки сарчашмаи асосии оби дарёҳоянд. Аммо онҳо бо суръати ташвишовар аз байн рафта истодаанд. Тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан 45 километри мураббаъ масоҳати пиряхи Ванҷях (Федченко) аз даст рафт, тақрибан 16 километри мукааб ҳаҷми худро талаф дод. Умуман, пиряхҳо вазъи фоҷиавӣ доранд. Венесуэла баъд аз Словения дуюмин кишварест, ки пиряхҳояшро пурра аз даст додааст. Мо бояд чӣ кор кунем? Ман панҷ пешниҳод дорам:
1. Барои бартараф намудани гармшавии глобалӣ, партовҳои газҳои гулхонаӣ бояд ба таври ҷиддӣ коҳиш дода шаванд;
2. Тақвияти низоми мониторинг. Мо бояд ба хадамоти гидрометеорологии миллӣ бештар сармоягузорӣ кунем;
3. Барои назорати криосфера, огоҳонии маҳал васеъ ба роҳ монда шавад;
4. Табдили илму дониш ба сиёсат. Қарорҳо бояд дар асоси маълумот қабул гарданд;
5. Сармоягузорӣ ба неруи инсонӣ. Бояд насли нави коршиносон, глисиологу гидролог ва коршиносони иқлимро тарбия намоем, махсусан аз ҳисоби занон ва ҷавонон».
Дар ҷараёни Конфронс, ҳамчунин, муовини директори генералии ЮНЕСКО Лидия Брито, директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Кетрин Мери Рассел, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва уқёнуси Ором (ЭСКАТО) Армида Салсиаҳ Алишаҳбана, ноиби президенти Бонки осиёии рушд Ингминг Янг ва ноиби президенти Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё Аҷай Бҳушан сухан карда, ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти пиряхҳо ва ҳифзи онҳо баҳои баланд доданд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 03.06.2025 №: 110