ИТТИЛОИЯ
29-уми май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис, нахуст, дар бораи Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода шунида шуд. Таъкид гашт, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 инъикос ёфтааст, таҳия шудааст.
Тавре зикр гардид, дар Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 масъалаи пешгирии бемории саратон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ эътироф шудааст.
Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он баъди муҳокимаи ҳамаҷониба тасдиқ гардид.
Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки иҷрои Барномаро таъмин карда, аз натиҷааш ҳар сол маълумот пешниҳод намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои ба мардум фаҳмонидани сабабу омилҳои гирифторшавӣ ба бемориҳои саратонӣ ва пешгирӣ аз онҳо аз ҳама имкону захираҳо бояд истифода карда шавад.
Сипас, дар маҷлис як қатор лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол гардид.
Дар маҷлис, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029, Барномаи давлатии рушди санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 ва дар бораи меъёрҳои андози аксиз барои молҳои зераксизӣ, муҳокима шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар бораи Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 гуфта шуд, ки он баҳри идомаи минбаъдаи ислоҳоти аграрӣ, ташкили низоми устувор ба тағйирёбии иқлим, рушди "иқтисоди сабз", фароҳам овардани шароити мусоиди пешбурди соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, ташкили ҷойҳои нави кор ва ғайра таҳия шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки масъулон аз рӯи Барнома нақшаи амалигардонии онро таҳия ва тасдиқ намоянд. Сохторҳои марбута вазифадор гардиданд, ки барои татбиқи Барнома чора андешида, аз натиҷааш муълумот манзур намоянд.
Баъди муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои дастурҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт ва омодагии ҷиддӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру тавсияҳо доданд.
Санаи нашр: 30.05.2025 №: 108
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
13 феврал 2025, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ