АМИТ. ТАЪСИСИ ДУ ОЗМОИШГОҲ БАРОИ САНҶИШИ ПИРЯХҲО ВА ОБ
Дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бори нахуст ду озмоишгоҳи бонуфуз – Озмоишгоҳи низоми иттилоотии пиряхҳои Тоҷикистон ва Озмоишгоҳи сифати об, санитария ва изотопҳо таъсис дода шуд. Дар ин бора аз Академия хабар доданд.
Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода дар ҳузури 20 нафар намояндаи кишварҳои узви Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЕ), олимону коршиносон ва намояндагони вазорату идораҳои марбута ба фаъолияти озмоишгоҳҳо расман оғоз намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва олимон ёдовар шуда, зикр намуд, ки фаъолияти озмоишгоҳҳо қадами нахустин дар роҳи ташкил намудани низоми миллии иттилоотии пиряхҳои Тоҷикистон маҳсуб мегардад.
Озмоишгоҳи низоми миллии иттилоотии пиряхҳои Тоҷикистон бо истифода аз аксҳои моҳворагии сифат ва дақиқияти баланд пиряхҳоро таҳқиқ ва, масоҳати онҳоро дар давраи интихобшуда барои ҳар як ҳавза муайян менамояд. Ҳамчунин, равандҳои динамикии пиряхҳои Тоҷикистон таҳқиқ шуда, моделронии ташаккулёбии минбаъдаи онҳо амалӣ мешавад. Барои дақиқ муайян намудани равандҳои криосфера бо истифода аз дастгоҳҳои худпарвози бесарнишин ва таҳқиқоти саҳроӣ чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронда хоҳад шуд.
Яке аз усулҳои дақиқ ва муосири омӯзиши пиряхҳо ва ҳифзи захираҳои об дар Озмоишгоҳи сифати об, санитария ва изотопҳо истифодаи таҳлили устувори изотопӣ бо истифода аз дастгоҳи лазерии PICARRO мебошад, ки бо дастгирии Агентии байналмилалии неруи атомӣ таъмин гардид.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.05.2025 №: 106
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН