ҲИФЗИ ЭКОЛОГИЯ ҲИФЗИ ҲАЁТ АСТ

28 май 2025, Чоршанбе
5
Пайванди инсон бо табиат масъалаи нозук ва муҳим дар сохтмони ҷомеаи инсонӣ аст, аммо бархӯрди норавои инсон ба табиат имрӯз инсониятро ба мушкилот ва муаммои сарбастае рӯ ба рӯ кардааст, ки ҷуброни он гарон аст. Дар сиёсати давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолият дар радифи истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт ба масъалаи ҳифзи муҳити зист аҳамияти хосса дода шуда, барои таъмини амнияти санитарию экологии шаҳру деҳоти кишвар ғамхориҳои доимӣ зоҳир мегарданд.
Мақсади асосии ҳифзи табиат ин ташкили шароити муътадил барои ҳаёти одамон, имрӯз ва фардои инкишофи истеҳсолот, илм ва фарҳанги тамоми ҷаҳониён мебошад. Бо мақсади нигоҳдорӣ ва ҳифзи табиат дар замони муосир аз усулҳои гуногуни илмию технологӣ истифода мебаранд. Усули якум муайян месозад, ки ҳамаи ҳодисаҳо ва омилҳои табиӣ барои одам аҳамияти калон доранд. Дар ин маврид нисбат ба ҳар кадоми онҳо роҳҳои хосеро интихоб карда, талаботи соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ва барқароркунии табиатро ташкил намудан лозим аст. Масалан, ҷангал, пеш аз ҳама, манбаи асосии маҳсулоти сохтмонӣ ва кимиёвӣ мебошад, лекин он, ҳамчунин, хусусияти захираву танзимкунии об, ҳифзи хок ва ҳосил кардани ҳавои тозаро дорад. Бар замми ин, ҷангал ҷойи зисти ҳайвоноту парандагони гуногун ва истироҳати одамон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҳолат аҳамияти саноатии ҷангал дар ҷойи дуюм меистад. Мисоли дигар дарёҳо мебошанд, ки на танҳо барои ҳаракати нақлиёти обӣ ё чархаи неругоҳҳои барқи обӣ чун тавлидкунандаи неруи барқ хизмат мекунанд, ҳамчунон, ба баҳрҳо моддаҳои гуногуни биологиро, ки барои мавҷудоти зиндаи обӣ заруранд, медиҳанд. Бинобар ин, дарёҳоро танҳо барои як соҳа истифода намебаранд. Онҳоро барои соҳаҳои гуногуни истеҳсолот, тандурустӣ, саёҳат ва ғайра истифода мекунанд. Аз ин рӯ, тоза нигоҳдории об вазифаи ҷонии ҳар як фарди сайёра мебошад. Усули дуюми истифодаи захираҳои табиӣ ин шароити муҳити зисти аҳолии таҳҷойиро ба эътибор гирифтан лозим аст. Ҳоло дар табиат минтақаҳое мавҷуданд, ки аҳолиашон аз нарасидани оби тоза танқисӣ мекашанд. Дар ҷойҳое, ки майдони ҷангалҳо зиёданду аз худ карда нашудаанд, истифодаи онҳоро иҷозат медиҳанд, вале дар минтақаҳои камҷангал онҳоро мувофиқи мақсад, бо назардошти ҷараёни азнавбарқароркунӣ ва ҳифзи онҳо, истифода кардан мумкин аст. Қоидаи минтақавӣ, ҳамчунин, барои олами ҳайвонот низ мавҷуд аст. Масалан, як намуди ҳайвони шикорӣ дар як минтақа бинобар кам буданаш бояд ҳифз карда шавад. Дар минтақаи дигар бошад, бо сабаби зиёд будани он, баръакс, барои шикор иҷозат дода мешавад.
Ҳоло мувофиқи қоидаи минтақавии ҳифзи экологӣ, муносибат ба истифодаи захираҳои табиӣ аз сатҳи ҷойгиршавӣ ва пайдошавии онҳо вобастагӣ дорад. Усули сеюми истифодаи захираҳои табиӣ он аст, ки ҳифзи як намуди захираҳои табиӣ маънои ҳифзи дигар манбаъҳои табииро дорад. Аз ҷумла, ҳифзи обанбор аз ифлосӣ, маънои ҳифзи моҳиҳо ва организмҳои дигари обиро дорад. Ба воситаи ҷангал на фақат ҳаво тоза нигоҳ дошта мешавад, балки хок низ аз фарсоиш муҳофизат карда мешавад. Ҳифзи парандаҳои ҳашаротхӯр ва макони мӯрчаҳо, инчунин, ҳифзи ҷангалҳо аз зараррасонҳо ба ин усул дохил мешаванд. Дар табиат муносибати мутақобилаи байни ҳамдигарӣ ҷой дорад, ки ҳифзи як намуд бар зарари намуди дигар аст. Масалан, ҳифзи оҳу дар як минтақа ба он оварда мерасонад, ки шумораи он зиёд мегардад, вале аз суми боқуввати онҳо дар мавзеъҳои ҳифзшаванда (боғҳои миллӣ, мамнуъгоҳҳо) намудҳои гуногуни гулу гиёҳҳои нодир нобуд мешаванд. Бояд ҳангоми ҳифзи як намуд ҳолату имконияти дигар намудҳо ба инобат гирифта шавад. Пас, ҳифзу истифодаи оқилонаи табиат барои чӣ зарур аст? Бе ҳифзу истифодаи оқилонаи табиат инкишофи ҷомеа номумкин аст. Оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ гарави асосии рушд аст.
Хулоса, мо як қисми таркибии табиат ҳастем ва пурра ба он вобастагӣ дорем. Маҳз барои ҳамин, омили асосии инкишофи инсоният на аз ҳукмронӣ ва поймол кардани он, балки аз муносибати оқилонаю беғаразона, ҳифзи тамоми ҷузъҳои олами органикӣ ва ғайриорганикӣ дар рӯи Замин иборат мебошад. Инсоният дар айни замон вазифадор аст, ки тамоми фаъолияти худашро на бар зарари биосфера, балки барои бартараф кардани тамоми зарару зиёнҳо равона кунад. Фаромӯш набояд кард, ки биосфера то пайдоиши одам вуҷуд дошт ва бе он низ боқӣ хоҳад монд, вале одамон бе биосфера ҳаёт ба сар бурда наметавонанд.
А.ЗАРИФӢ., М.УСМОНОВ.,
омӯзгорони МДТ- и “Коллеҷи политехникии н. Зафаробод”
Санаи нашр: 28.05.2025 №: 106