НАҚЛИЁТИ ҲАВОӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ

22 май 2025, Панҷшанбе
30
Стратегияи давлатии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз стратегияҳои бунёдии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Суръати мунтазами татбиқи амалии он хеле барҷаста идома дорад. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар радифи таҳдидҳои асосӣ қайд шудааст, ки “дурдастии ҷуғрофӣ аз баҳр ва бозорҳои бузурги фурӯш ба рушд наёфтани коммуникатсияи нақлиётӣ дар самти бозорҳо мушкил мегардад ва рақобатпазирии иқтисоди миллиро маҳдуд месозад. Дар ҳоли ҳозир зарурати воридсозии тағйироти калон дар консепсияи иқтисодии фаъолияти намудҳои нақлиёт дар асоси аломатҳои бозаргонии талаботи пардохтпазир ба миён меояд”.
Дар ҳалли муаммоҳои дурдастии ҷуғрофии мамлакат аз баҳр ва бозорҳои бузурги фурӯши ҷаҳонӣ нақлиёти ҳавоӣ нақши муҳим дорад, зеро масофаи миёнаи кашондани 1 тонна бор тавассути нақлиёти ҳавоӣ миёни дигар намуди нақлиётҳо хеле баланд мебошад. Бинобар ин, дар марҳалаи нави рушди мамлакат таваҷҷуҳ ба таъмини рушди нақлиёти ҳавоӣ ва амнияти иқтисодии ин соҳа муҳим аст. Шароити хоси иқлиму табиати кишвар, кӯҳсор будани қисми зиёди он, душворгузар будани роҳҳои кӯҳӣ бо сабаби зуд-зуд такроршавии заминҷунбӣ ва офатҳои табиӣ (фаромадани ярч, тарма, сангрезиш ва ғайра), аз ҷиҳати ҳудудӣ монанд набудани шароити минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати ҳалли вазифаҳои давлат дар самти таъмини табдили мамлакат ба кишвари транзитӣ ва амнияти иқтисодиву иҷтимоии он рушди комплекси авиатсиониро ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа табдил додаанд. Ҳамзамон, дурнамои рушди минтақаҳои душворгузар рушди комплекси мазкурро ҳамчун омили муҳими рушди минтақаҳои дурдасти кишвар пешбинӣ менамояд.
Имрӯзҳо, сарфи назар аз душвориҳои баамаломада, наметавон аз имкониятҳои ҷиддии рушди соҳаи мазкур сарфи назар намуд, зеро комплекси авиатсионӣ барои давлат, бидуни шубҳа, аҳамияти стратегӣ дошта, дар сурати такмили механизми идоракунӣ комплекси мазкурро аз вазъи ногувори тулкашида раҳо карда, рушди бахшҳои мухталифи онро таъмин намудан мумкин аст. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2024) таъкид карданд: "Ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитии он ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар пазируфта шудааст". Аз ҳамин хотир, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таъмини рақобатнокии онҳо низ, вазифаи муҳим мебошад.
Барои баланд бардоштани сатҳу сифати низоми транзитии мамлакат ва самаранокии он маҷмаи нақлиёти ҳавоӣ нақши муҳим дорад. Мувофиқи маълумоти Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO), нақлиёти ҳавоӣ ҳоло тақрибан 35 фоизи тиҷорати ҷаҳониро аз рӯи арзиш ташкил медиҳад. Ҳаҷми мусофиркашонии ҷаҳонии авиатсия ҳар сол тақрибан 5-7 фоиз меафзояд. Тибқи ҳисобҳои Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA), ҳар 10 фоиз афзоиши ҳамлу нақли ҳавоӣ ба ММД-и кишвар 0,5 банди фоизӣ изофа менамояд. Дар кишварҳои Аврупо нақлиёти ҳавоӣ 7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад ва 5 фоизи шуғлро таъмин мекунад.
Комплекси авиатсионӣ айни замон барои фаъолияти бомуваффақияти иқтисоди ҷаҳонӣ, рушди минбаъдаи мутаносиби он ва нигоҳ доштани рушди устувори иқтисодӣ ниҳоят муҳим мебошад. Тақрибан 40 фоизи фурӯши маҳсулоти технологияи баланд аз низоми хуб ба роҳ мондашудаи комплекси авиатсионӣ вобаста аст. Бо равнақ ёфтани соҳаи сайёҳӣ ва тағйири мувофиқи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳавопаймоӣ, арзиши аслии парвоз дар 40 соли охир тақрибан 60 фоиз арзон шуд ва ба ин васила, онро барои мардум бештар дастрас гардонд.
Солҳои охир дар Тоҷикистон навсозии соҳаи авиатсияи гражданӣ сурат гирифта истодааст. Дар ин раванд низоми пешбурди сиёсат ва қоидаҳои дахлдор дар соҳаи бехатарии ҳаракати ҳавоӣ таҳия гардидаанд. Он имкон додааст, ки Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод ва таъминкунандаи хизматрасонии комплекси авиатсионӣ нуфуз пайдо кунад, ки дар навбати худ, ба таҳким ва рушди бештари муносибатҳои бозорӣ дар Тоҷикистон мусоидат намудааст. Татбиқи тағйироти назаррас дар соҳаи авиатсия, ки дар робита ба ташаббусҳои бехатарӣ заруранд, қабули созишномаҳои коллективиро бо мақсади назорат ва бартараф кардани мушкилот ва тамоюлҳои манфии бавуҷудомада талаб менамояд. Вобаста ба ин, дар маҷмуи тадбирҳои такмили механизми идоракунии низомҳои комплекси авиатсионӣ се қисми асосии тадбирҳоро амалӣ намудан зарурати марҳалаи нави рушди он мебошад:
1. Ҳамгироӣ дар низоми ҷаҳонии комплекси авиатсионӣ ва гузариши он ба технологияҳои нави иттилоотӣ барои идоракунии махзанҳои маълумотӣ ва захираҳои низомҳои нақлиёти авиатсионӣ;
2. Муайян намудани равишҳои умумӣ оид ба ҳалли масъалаҳои мушаххас дар асоси рақамикунонии комплексии расмиёти ояндабинии ҳамлу нақл, мониторинги ҳолати молиявӣ ва схемаҳои технологии низомҳои комплекси авиатсионӣ ва ғайра;
3. Беҳтарсозӣ ва интихоби оқилонаи низомҳое, ки ба истифодаи усулҳои умумии қабулшудаи барномасозии математикӣ имкон медиҳанд, ки технологияҳои иттилоотӣ бо назардошти гуногунрангии истифодаи қоидаҳои қабули қарорҳо истифода шаванд.
Дар низоми нақлиёти авиатсионии мамлакат айни замон тамоюли возеҳ барои ҳалли мушкилоти мавҷуда, дар асоси муносибати маҷмуӣ, бо назардошти омилҳои зиёди номуайян, ки ба рушди технологияҳои нақлиётӣ барои амалӣ намудани амалиёти ҷорӣ ва стратегӣ ҳамчун як қисми нақшаи дарозмуддати банақшагирии муҳлати фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ ё корпоратсияҳои фаромиллӣ таъсир мерасонанд, мушоҳида карда мешавад.
Раҳмон Юсуф Азим,
номзади илмҳои иқтисодӣ, ходими пешбари илмии
шуъбаи таҳқиқоти
инфрасохтории Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
Санаи нашр: 22.05.2025 №: 102