ҒАЛАБА. САБАҚИ ТАЪРИХ БАРОИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ МО

08 май 2025, Панҷшанбе
11
Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи Тоҷикистон, санаи бисёр муҳим ва, воқеан, омӯзанда мебошад. Мо имрӯз ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем.
Дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсус дорад, зеро дар он солҳои мудҳиш низоми фашистӣ ба озодиву истиқлолияти аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод карда буд.
Маҳз дар натиҷаи муборизаи муштараку қотеонаи халқҳои гуногуни олам оташи он ҷанги даҳшатнок хомӯш, озодии мардуми сайёра таъмин ва вабои фоҷиабори фашизм бартараф шуд. Ин пирӯзӣ натиҷаи дӯстиву муборизаи якҷояи халқҳо бар зидди хатари мудҳиш – фашизми гитлерӣ ва намунаи олии фидокории фарзандони миллатҳои гуногун барои таъмин намудани сулҳу озодӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки пирӯзӣ бар фашизм ба ивази ҷони даҳҳо миллион нафар сарбозону афсарон, аз ҷумла фарзандони Тоҷикистон, аҳолии осоиштаи дар минтақаҳои таҳти амалиёти ҷангӣ ва ақибгоҳ қарордошта, маъюб шудани миллионҳо нафари дигар ва гуруснагиву маҳрумиятҳои гӯшношунид ба даст омадааст.
Бале, тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои дур бо меҳру садоқат ба Ватан, меҳанпарастӣ ва ҳувияти баланди миллии хеш машҳури ҷаҳон буданд. Таърих гувоҳ аст, ки фарзанди тоҷик ҳамеша ҳимояи марзу буми хешро ба ивази ҷони хеш ҳам бошад, адо кардааст. Дар тули таърих фарзонафарзандони диловари тоҷик, аз қабили Спитамен, Муқаннаъ, Абумуслим, Темурмалик, Восеъ баҳри озодии халқу Ватан мубориза бурда, мардонавор ҷон супурданро аз таслими душман шудан беҳтар донистанд.
Чунин арҷгузорӣ нисбат ба сарзамини хеш то имрӯз ҳамеша побарҷо буд ва то ҳол идома дорад. Инро ниёгони мо солҳои 1941-1945 бори дигар исбот намуданд. Бо вуҷуди он ки ҷанг фарсахҳо аз Тоҷикистон дур буд, ҷавонмардони ин сарзамин бо ғурури баланди миллӣ довталабона ба ҷанг рафта, дар майдони мубориза алайҳи фашизм бо корнамоиҳои беназири худ бори дигар ба ҷаҳониён насли Рустами Достон буданашонро нишон доданд. Нақши тоҷикон дар ин ҷанг хеле назаррас мебошад. Боиси ифтихор аст, ки барои ҷасорат ва шуҷоат дар набардҳо дар мубориза бо фашизм 56 ҳазор тоҷикистонӣ бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз шуд.
Мардуми Тоҷикистон хотири онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштанд, яъне ҷони худро баҳри озодӣ аз истеъмори фашизм қурбон карданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштанд, ҳамеша ба ҷой меоранд.
Саидакрам ТАҒОЙМУРОДОВ, омӯзгори МТМУ № 23-юми шаҳри Ваҳдат
Санаи нашр: 08.05.2025 №: 91