ХОНАҲОРО БИҲИШТ СОЗЕМ

29 апрел 2025, Сешанбе
7
Вақте саҳнаҳои хурди зиёдеро дар бораи занкалонӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо кардам, фолгирии зане ба хотирам расид. Сӣ сол пеш зане, ки маълум буд, фол мегирад, назди мо омад ва аз миёни издиҳом намедонам чаро маҳз маро интихоб намуда гуфт:
– Дар хона ғур-ғур. Ту мегӯӣ, ман калонам, занат мегӯяд, ки калон манам. Дар байни шумо Худо калон аст.
Маро ҳамин баёни ҷумлаи охираш писанд афтод ва ба ин хотир пулаш додам, ҳарчанд дар оғоз дурӯғ гуфта буд.
Албатта, дар ҷомеа ҳастанд баъзе аз занон, ки “калонгариро” ба даст гирифтан мехоҳанд.
Ин гуна афрод намеандешанд, ки бо рехтани обрӯйи мардонашон ва аз байн бурдани эътиборашон дар назди пайвандон, ҳамсояҳо шукӯҳу шавкати хешро низ аз даст медиҳанд. Мардҳояшонро ба бисёр андешидану ғам хӯрдан водор месозанд.
Падар бо ин гуна ҳолат чӣ гуна метавонад, ки дар тарбияи дурусти фарзандон муваффақ шавад? Ҳаргиз муваффақ шуда наметавонад. Оила, ки ячейкаи хурди ҷамъият аст, бояд дар бораи ҷамъияти солим на танҳо биандешем, балки масъул бошем.
Ин ҳолат ҳам ҷой дорад, ки бархе бо ғайбату душманиҳову дурӯғгӯиҳо сабабгори парокандашавии оилаҳо мегарданд. Дар ин маврид ва пешгирии онҳо дар адабиёти классикиамон мисолҳои зиёдеро дучор омадан мумкин аст. Аз ҷумла, як нафар зан ба марде изҳор медорад, ки ман шунидаву дидаву бовар ҳосил кардаам, ки ҳамсарат, ба ҷуз ин ки ба шумо хиёнат намудааст, обрӯятонро низ дар миёни издиҳоми занон рехтааст. Он мард дар посух изҳор медорад: “Он зан ҳамсари ман аст, туро ба ӯ чӣ кор аст?” Зан хиҷолатзада меравад ва пас аз муддате ин оила чун пош мехӯрад, ӯ боз меояд ва мегӯяд: “Бовар ҳосил кардӣ, ки суханонам рост будаанд?”. Мард ин бор чунин посух медиҳад: “Акнун ӯ дигар ҳамсари ман нест. Маро ба ӯ чӣ кор аст?”.
Ба ин монанд чанд сол пештар, дақиқтараш соли 1995 яке аз дӯстон омаду маслиҳат пурсид ва хост ризояти маро дар мавриди ҷудо шудан аз занаш бигирад.
Ба ӯ гуфтам: - Дар миёни шумо муноқишае сар зад?
Гуфт: - Не. Ҳамсарам дилдодаи марде дигар шудааст.
Гуфтам: - Бо чашмат дидӣ ва ё чаҳор шоҳид дар ин маврид шаҳодат медиҳанд?
Гуфт: - Не, аммо мегӯянд.
Гуфтам: - Ба гуфтаҳову шубҳаҳои вуҷудату мардум бовар макун. Ҷудо шудан бисёр кори осон аст. Аммо, агар баъд бифаҳмӣ, ки як дурӯғ, туҳмат сабаби вайронии оилаат шудааст, чӣ мекунӣ? Ба ҷуз ин, вақте ҷудо мешавӣ, мардум ба ин дурӯғу туҳмат бовар мекунанд ва нахуст обрӯйи худат, баъд обрӯйи ҳамсаратро мерезӣ. Ғайр аз ин, барои ҳафт духтарат, ки калон шаванд, шояд ҳеҷ гоҳ хостгоре наояд, чун мепиндоранд ва ё ба ӯ мегӯянд, духтарони модарест, дилбастаи марди бегона.
Пас аз ду моҳ он зану шавҳар изҳори сипос карданд, ки пеши роҳи вайроншавии оилаашонро гирифтаам. Яъне, баъзе аз касон, аз рӯйи душманӣ ва ё аз рӯйи одат ҳар гуна дурӯғу туҳматро раво мебинанд.
Бисёр мардоне, ки зани дуюму сеюм гирифтаанд, аз рӯйи нақлашон хушбахт набудаанд ва ҳар се хонаро ба дӯзах табдил додаанд. Бо дарёфти ин ҳақиқати ногувор занҳо рӯ ба фолбинҳову соҳирон овардаанд, ки оқибаташон нек набуд.
Албатта, хандидану хандондан кори мушкил нест, аммо бояд бидонем, ки метавонад дар пушти ин хандаҳо бисёр гиряҳо тавлид шаванд. Сабаб гардидан ҳам ба пошхӯрии оилаҳо, фикр мекунам, ки гуноҳи бузург аст ва ин гуноҳро чӣ гуна метавон шуст? Шубҳаҳоро бояд наафзоем, ҷосусӣ ба рӯзгори мардумро пешаи худ қарор надиҳем, решаҳои дурӯғу туҳматро мустаҳкам накунем. Бисёр дардовар аст, вақте фарзандони хурдсол бар асари ин ҷудоиҳо, пошхӯриҳои оилаҳо бо дард, бо ҳасрат мегирянд ва ҳеҷ кас наметавонад, ин ашкҳо, обҳои дидаро поку хушк намояд. Ҳар амали мо бояд барои биҳиштро сохтан дар хонаҳо, оилаҳо бошад. Чаро дар ин маврид ба ҷойи биҳишт дӯзахро бояд интихоб бикунем? Барҳақ фармудаанд:
Зани хуби фармонбари порсо,
Кунад марди гадоро подшо (ҳ).
Инчунин, мард ҳам зарур аст, ки аз ҳамсараш як маликаи биҳиштӣ бисозад, на як зани бади ҷаҳаннамӣ.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.04.2025 №: 83