CASA-1000 ВА АҲАМИЯТИ ОН БАРОИ МИНТАҚА
Тоҷикистону Қирғизистон дорои захираҳои ғании энергетикӣ ва об мебошанд. Ҳар ду кишвар дар фасли тобистон неруи барқи истифоданашаванда доранд. Дар ҳамин ҳол, ду кишвари дигари ҳамсоя – Афғонистон ва Покистон ба неруи барқи иловагӣ ниёз доранд. Хусусан, талаботи кишвари Покистон ба неруи барқ сол то сол бинобар афзудани аҳолӣ зиёд мешавад ва худи кишвар дар танҳоӣ наметавонад мушкили мазкурро ҳал намояд.
Лоиҳаи хатти интиқоли неруи барқ бо номи CASA-1000 маҳз ба хотири истифодаи неруи барқи Осиёи Марказӣ дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ тарҳрезӣ шудааст. Мувофиқи лоиҳаи CASA-1000, миёни кишварҳои ба ҳам шарик интиқоли қувваи барқ сурат гирифта, ба ин восита, талафоти неруи барқ дар фасли гармо аз байн бардошта мешавад ва чаҳор кишвар аз буҳрони норасоии қувваи барқ дар ҳамаи фаслҳои сол раҳоӣ меёбад.
CASA-1000 аввалин лоиҳаи бузурги минтақавӣ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ буда, дар муносибатҳои байниҳамдигарии Қирғизистону Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон як марҳалаи муҳими таърихӣ ба шумор меравад. Ин хатти интиқоли барқи муосир ва пурманфиат имконияти минтақаро ба куллӣ тағйир дода, ба ташкили бозори минтақавии неруи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат менамояд. Истифодаи неруи барқ дар фасли тобистон ба рафти истеҳсоли неруи барқ дар фасли зимистон ягон таъсире намерасонад ва ба захираҳои обиву энергетикӣ низ на дар замони ҳозира ва на дар оянда таъсиррасон буда наметавонад. Гузашта аз ин, даромади аз фурӯши неруи барқ бадастомадаро метавон барои бартараф кардани норасоии барқ дар фасли зимистон истифода намуд.
Лоиҳаи CASA-1000 мураккаб, вале иҷрошаванда аст. Барои амалӣ шудани ин лоиҳа Шурои байниҳукуматӣ созмон ёфтааст, ки он дар марҳалаи аввали фаъолияташ ҳамкории манфиатноки байниминтақавиро таъмин менамояд. Дар доираи Шурои байниҳукуматӣ ин чор давлати ба лоиҳа алоқаманд барои амалӣ шудани нақшаҳо, ҷорӣ намудани қоидаҳои умумӣ, истифодаи меъёрҳои техникиву экологӣ ва таъмини меъёрҳои бехатарӣ қарорҳои муштарак қабул мекунанд.
Коршиносон ба CASA-1000 на ҳамчун тарҳи сирф иқтисодӣ, балки ба сифати як воситаи таҳкимбахшандаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ назар мекунанд. Зеро CASA-1000 намунаи олитарини ҳамкориҳо миёни Қирғизистону Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон буда, татбиқи он метавонад ҳамкориҳои байниминтақавиро дар самти маблағгузорӣ ва пешрафти муомилоти иҷтимоӣ тақвият бахшад. Яъне, ба шарофати ин лоиҳа дар минтақа муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ низ беш аз пеш мустаҳкам мегарданд.
Ҳамин тариқ, мақсади асосии лоиҳаи CASA-1000 ба ҳадафҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба решакан кардани камбизоатӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум мувофиқат мекунад. Бо амалӣ шудани ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат гуфтан мумкин аст, ки Тоҷикистон дар оянда ба маркази минтақавии тиҷорати неруи барқи арзону тоза мубаддал гашта метавонад. Талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода ва робитаҳои дӯстонааш бо сарварони давлатҳои ҷаҳон, пуштибонии СММ, Бонки ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо ва дигар давлату созмонҳои баландэътибор моро ба татбиқи муваффақонаи CASA-1000 эътимоди комил мебахшад. Ин имкон медиҳад, ки дар ояндаи наздик Тоҷикистон ба шоҳроҳи бузурги содироти неруи барқ қадами нави устувор гузорад.
Низомуддин КОМИЛЗОДА,
мудири кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ
Санаи нашр: 23.04.2025 №: 79
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН