ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ…
Ба хотири таъмини шароити хуби зист барои сокинони минтақаҳои дурдаст соҳибкорони бонангу номус, дар пайравӣ ба иқдомҳои созандагиву ободонии Ҳукумати мамлакат, мекӯшанд дар ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми арзанда гузоранд.
Абдусаттор Шарифзода яке аз чунин нафаронест, ки ба хотири ободии диёр, баробари садҳо ҷавонмарди бонангу номуси миллат, камари ҳиммат бастааст. Ӯ бо бунёди пули одамгузар бо дарозии 50 метр дар деҳаи Даҳбеди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мушкили мардумро осон гардонд.
– Ростӣ, чанд сол боз ба хотири ҳаҷ маблағ пасандоз мекардам. Пас аз тамошои суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9-уми марти соли 2024, тасмим гирифтам, ки маблағи ҷамъкардаамро дар ободии зодгоҳам сарф кунам, зеро ҳар як ҳарфи Роҳбари давлат аз рӯи талаботи шариати ислом буда, ободии Ватан низ аз гӯшаи имон аст, – иброз дошт Абдусаттор Шарифзода.
Тавре соҳибкори хайрандеш меафзояд, “баъди мавриди истифода қарор гирифтани кӯпрук шодии пиру ҷавонро ҳадду канор набуд. Бешубҳа, дили касеро шод кардан ва дар ободии диёри хеш саҳм гузоштан, баробар ба ҳаҷҷи акбар аст”.
Бояд таъкид кард, ки сохтмони пул аз ҳисоби соҳибкор ва бо дастгирии ҶСК «Алюминийи тоҷик» анҷом ёфт. Солҳои тулонӣ аҳолии ин деҳа барои ба мактабу беморхона ва бозор рафтан маҷбур буданд, ки масофаи зиёда аз 1,5 километр роҳро тай кунанд, ки дар рӯзҳои сарди зимистон хеле душвор буд. Акнун, бо бунёди пул, ин мушкили хурду калони деҳа ҳалли худро пайдо намуд.
Ӯ ният дорад, ки бо аҳли ҷамоатчигӣ дар кашидани хатти оби ошомиданӣ, барқарор кардани кӯпруки мошингузари деҳаи Даҳбед ва дигар корҳои бунёдкориву созандагӣ саҳм гузорад.
Боиси тазаккур аст, ки ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сохтмону навсозии 216 иншооти гуногуни хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст. Дар робита ба ин, тайи ду соли ахир аз ҳисоби соҳибкорони маҳалӣ 12 пули хурду бузург ба истифода дода шуд.
Гулнисо САЪДОНШО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 22.04.2025 №: 78
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН