СУҒД. ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ БА МАВСИМ ОМОДААНД!
Дар вилояти Суғд обёрии 75-80 дарсади майдонҳои кишоварзӣ тавассути дастгоҳҳои махсуси обкашӣ аз дарёи Сир ҷараён мегирад. Дар навоҳии Зафаробод, Мастчоҳ бошад, обёрӣ сад дарсад ба фаъолияти муътадили пойгоҳҳои обкашӣ вобастагӣ дорад.
Солҳои охир бештар ба мушоҳида мерасад, ки таҷҳизоти обкашӣ бинобар куҳнаву фарсудашавӣ тез-тез ба садама дучор мешаванду деҳқонон дар баъзе ҳолатҳо соатҳову рӯзҳои дароз бо об таъмин нашуда, заҳмати корашон барбод меравад. Солҳои охир бо ҳамин ваҷҳ садҳо гектар замин аз кишти зироат дар канор мондаанд.
Ҷиҳати ҳалли масъала бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои навсозии пойгоҳҳои обкашии кишвар чандин лоиҳаҳо таҳия шудаанд, ки бо навбат дар шаҳру навоҳии кишоварзӣ татбиқ мешаванд. Дар вилояти Суғд амалишавии чунин лоиҳа аз ноҳияи Зафаробод оғоз ёфт ва соли гузашта як қисми дастгоҳҳои обкашӣ пурра иваз шуда, таъмини кишоварзон бо об беҳтар гашт.
Дар мависми имсола мутахассисони идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳру навоҳӣ тадбирҳои судманд андешиданд, то ки тамоми фасли сол деҳқонон бе мушкилӣ бо об таъмин шаванд. Ҳамзамон, ҷиҳати сари вақт таъмир намудани таҷҳизоти обкашӣ ва омода кардани онҳо соли равон аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 2,9 миллион сомонӣ ҷудо шуд. Тибқи иттилои дастрас, аллакай, пойгоҳҳои обкашӣ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Ашт, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ба фаъолият шуруъ кардаанду рӯзҳои наздик пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод низ пурра ба мавсим омода мешаванд.
Дар ноҳияи Ашт дар ҳамаи самтҳои кишоварзӣ зиёда аз 30 ҳазор гектар замин ба қайд гирфта шудааст, ки наздики 18 ҳазор гектари он маҳз тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мегарданд. Махфиралӣ Ботурализода, роҳбари идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ашт, дар суҳбат иброз дошт, ки ҷиҳати омодагӣ ба мавсими обёрӣ ҳар сол дар баробари таъмири техникӣ пойгоҳҳоро аз лойқа тоза мекунанд.
Дар ноҳияи Зафаробод 125 дастгоҳи обкашӣ таъмир шуда, рӯзҳои наздик дар бисёр мавзеъҳо об меояд. Дар шаҳру ноҳияҳои Исфараву Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов низ ҷиҳати фаъолияти босамари пойгоҳҳо тадбирҳои муассир андешида шудаанд.
Яке аз омилҳои муҳими фаровонҳосилӣ беҳтар кардани ҳолати мелиоративии замин аст, ки ин масъала низ дар мадди назари масъулини навоҳии кишоварзӣ қарор дорад. То имрӯз дар шаҳру навоҳии вилоят ҳолати мелиоративии 1587 гектар замини кишоварзӣ бо маблағи 683 ҳазор сомонӣ беҳтар шуд, ки 22 дарсади нақшаро ташкил медиҳад ва ин иқдом ҳоло бомаром идома дорад.
Аминҷон Абдуллозода, сардори раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд иброз медорад, ки пойгоҳҳои обкашӣ, сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда, ба мавсими имсолаи обёрӣ пурра омода мебошанд. Бо назардошти мушкилиҳои баҳори имсола, мутахассисони соҳаи беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд талош доранд, ки зироат, сабзавоту боғҳои кишоварзонро бо об таъмин созанд. Танҳо деҳқононро зарур меояд, ки ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар қатра об ва пешгирии талафоти он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 21.04.2025 №: 77
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН