«САД РАНГИ ЧАКАН».  ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВӢ  ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

07 март 2025, Ҷумъа
20


Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ба Рӯзи Модар ва арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллӣ, бо иштироки тарроҳону ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид.
Дар он муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва занони фаъоли ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз иштирокдорон намоишгоҳи ҳунарҳои чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, попурдӯзиро, ки аз ҷониби ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил гардида буд, тамошо карданд.
Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки бо дастгирии давлату Ҳукумати мамлакат бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду бузурги саноатию истеҳсолӣ, марказҳои ҳунармандию чакандӯзӣ ва коргоҳҳои дӯзандагӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Таъсиси онҳо ба рушди фаъолияти ҳунармандону чакандӯзон, гулдӯзону сӯзанидӯзон, ҷомадӯзону тоқидӯзон ва намудҳои дигари ҳунармандӣ заминаи мусоид гузошт. 
– Баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ва намоиш-фурӯши он яке аз тадбирҳои гиромидошти арзишҳои асили фарҳанги миллӣ мебошад. Он баҳри тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш ва муаррифии ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ равона гардидааст. Итминони комил дорем, ки ҳунармандони асили миллат бо мақсади эҳёи ҳунару суннат ва расму оинҳои аз байнрафта саҳми назарраси худро мегузоранд, – афзуд Дилрабо Мансурӣ.
Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки муддати ду моҳи аввали соли  2025 шаҳомату ҷилваи сад ранги чакан дар сад чамани Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз буд, ки аз омад-омади фасли нозанини баҳор, аз ҳувияту фарҳангсолории миллати соҳибхиради тоҷик, аз фазилату назокати чакан дар матои абрешимии ватанӣ ва аз  ҳусну таровати зан-духтари тоҷик мужда медод.
Гуфта шуд, ки Кумитаи кор бо занон ва оила ва вазорату идораҳои дахлдор тасмим гирифтаанд, ки соли оянда  Фестивали «Сад ранги чакан»-ро ҳамчун Фестивал-озмун ташкил ва баргузор намоянд. Зеро дар ҷодаи ҳунару ҳунармандӣ барои дарёфти беҳтарин тарроҳону ҳунармандон майдони рақобатпазириро боз ҳам васеъ менамояд. Иттилоъ дода шуд, ки баргузории Фестивали мазкур имкон медиҳад, ки паҳлуҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии мардуми ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ дубора эҳё гардида, мавриди истифода қарор гиранд.
Дар охири чорабинӣ ба тарроҳон ва иштирокчиёни фаъол ифтихорнома ва туҳфаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»


ГУЛНОРА ҲОҶИЕВА.  МЕДАЛИ ТИЛЛОИ БОНУИ ИХТИРОЪКОРИ ТОҶИК ДАР КУВЕЙТ 
Дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтирооти Ховари Миёна, ки дар Кувейт баргузор шуд, дотсенти кафедраи бемориҳои дарунии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино барои  ихтироаш – “Маҷмааи гиёҳҳои шифобахш – Чордор” бо медали тилло сарфароз гардид. 
Намоишгоҳ 16-19-уми феврал баргузор гардида, дар он ихтироъкорон аз 44 мамлакат иштирок доштанд. 
Соли 2024 дар ин намоишгоҳ ҳамватанони мо Саврибегим Ёрмадовна медали нуқра ва Мавлуда Давлатмамадова медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Судобаи ФАЙЗАЛӢ, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 07.03.2025 №: 50