ДУШАНБЕ. ШИНОСОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАФТИ СОХТМОНИ ИНШООТИ МУҲИМ

04 июн 2025, Чоршанбе
14
Чойхонаи миллӣ
3-юми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Синои пойтахт бо корҳои сохтмонӣ дар Чойхонаи миллӣ шинос шуданд.
Иттилоъ доданд, ки сохтмони иншоот дар ин мавзеъ соли 2024 оғоз ёфта, тибқи нақша, моҳи сентябри соли 2026 ба анҷом расонда мешавад. То ин вақт 80 фоизи корҳо, аз ҷумла бунёди бинои асосӣ ва хобондани конструксияҳои оҳанӣ дар қисми болои иншоот, ба итмом расидаанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо, нахуст, аз толори асосии бино, ки тибқи лоиҳа бо шаклу унсурҳои миллӣ оро меёбад, дидан намуданд.
Тибқи маълумот, Чойхона сеошёна буда, аз толорҳои кушоду барҳавои гаҷкорӣ, кандакорӣ, айвони болокушодаи замонавӣ ва 5 толори дигари қабули меҳмонони хос иборат мебошад.
Ҳоло бо ҷалби устоҳои кордону чирадасти ватанӣ корҳои гаҷкорӣ дар толори якум оғоз шудаанд ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии баландсифат бояд ба анҷом расанд.
Дар дигар қисми иншоот наздики 300 коргар, ки аксари онҳоро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд, машғули корҳои гуногуни сохтмонӣ ҳастанд.
Пас аз мавриди истифода қарор додани иншоот дар Чойхона зиёда аз 150 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мегардад.
Дар маҷмуъ, мувофиқи тарҳ намои беруна, сақф ва девору толорҳои иншооти нави фарҳангиву хизматрасонӣ бо санъати баланди меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ сохта шуда, оянда дар ин ҷо барои дар як шабонарӯз қабули 5000 мизоҷ шароити мувофиқ фароҳам оварда мешавад.
Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон
3-юми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои сохтмон дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шинос гардиданд.
Иншооти муҳташами варзишӣ дар майдони 9,5 гектар бунёд ёфта, дар он зиёда аз 30 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Бунёди калонтарин иншооти варзишии Тоҷикистон дар идомаи тадбирҳо ба фароҳамсозии инфрасохтори кору хизматрасонии сатҳи баланд дар пойтахти кишвар мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки 15-уми марти соли 2019 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохтмони Варзишгоҳ оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи бунёди он шинос шуда буданд.
Ҳоло дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон тахту ҳамворкунӣ, насби конструксияҳои оҳанӣ, кашидани ноқилҳои барқу интернет, хатти обу корезӣ, гармидиҳӣ, дастгоҳҳои ҳавотозакунӣ, ороиши даруни биноҳо, сафолакпӯшонӣ ва дигар корҳо ҷараён доранд.
Дар доираи муаррифии лоиҳаи иншоот ва масолеҳи сохтмонии истифодашаванда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргарону мутахассисонро барои босифат ва мувофиқ ба талаботи стандартӣ, бо дарназардошти унсурҳои миллӣ, ба иҷро расондани корҳои сохтмонӣ вазифадор намуданд.
Дар Варзишгоҳ 45 ҳуҷраи корию маҷлисгоҳ, 34 тамошоҷои сатҳи баланд барои мухлисон (VIP), 9 нуқтаи тиббӣ, 36 ошхона ва осорхонаи футболи тоҷик мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд мегарданд. Ҳоло аз ҷониби 725 нафар мутахассису коргар ҳамарӯза сохтмон аз рӯи лоиҳа пеш бурда мешавад.
72 дастгоҳи сабткунандаи телевизионӣ насб мегардад, ки барои сабти ҷараёни мусобиқаҳо пешбинӣ шудааст. Равшанӣ дар майдон ва ҷойҳои нишаст тавассути 312 чароғи махсус таъмин мегардад.
Бунёди иншооти варзишӣ дар шаҳри Душанбе дар идомаи бозиҳои бомуваффақи ҷавонони тоҷик барои рушди ин намуди варзиш дар Тоҷикистон ва минтақа заминаи воқеӣ мегузорад.
Ба атрофи Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон тавассути насби лавҳаҳои алюминӣ тарҳи замонавӣ бахшида мешавад, ки мавҷҳои обро таҷассум хоҳад намуд. Дар атрофи Варзишгоҳ бунёди фаввораҳои замонавӣ пешбинӣ гаштааст.
Ҳамзамон, аз болои дарёҳои Варзоб ва Лучоб барои рафтуомади ҳаводорони футбол ду пул мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ сохта шуда, ин макон ба шаҳраки муосири варзишӣ табдил дода мешавад.
Дар маҷмуъ, бунёди Варзишгоҳи мазкур дар асоси лоиҳа мувофиқ ба талаботи Федератсияи байналмилалии футбол ҷараён дошта, дар он барои гузарондани мусобиқаҳои байналмилалӣ шароит фароҳам мегардад.
Футбол маҳбубтарин намуди варзиш дар ҷаҳон аст. Дар асоси пешниҳоди президенти Конфедератсияи футболи Осиёи Марказӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола 25-уми май дар сартосари олам ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз дастовардҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон фароҳамшавии имкониятро барои ташаккули ин намуди варзиш, мизбонии мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Роҳи мошингард аз дарвозаи ғарбӣ
то маҳаллаи Чортут
3-юми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни марҳалаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингард аз дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут дидан намуданд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи роҳи мазкур ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингард аз дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут соли 2024 оғоз гардида буданд.
Паҳноии роҳ 50 метрро ташкил дода, аз 8 хатти ҳаракат дар ду самт иборат аст. Пиёдароҳҳо, як пул дар болои канали Ҳисор бо дарозии 37,5 метр, гузаргоҳ аз болои роҳи оҳан бо дарозии 175 метр, 2 гардиши нақлиётӣ ва шинондани дарахту буттаҳои ороишию сояафкан дар ду тараф унсурҳои асосии роҳро ташкил медиҳанд.
Шумораи муҳандисону коргарон зиёда аз 200 нафарро ташкил дода, онҳо бо истифода аз 44 техника ва механизмҳои пуриқтидори роҳсозӣ барои босифат ва тибқи нақша сохта, ба истифода додани роҳ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият карда истодаанд.
Роҳи мошингард аз дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут қисмате аз роҳи ҳалқавии атрофи пойтахт буда, барои кам кардани шумори зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои асосӣ ва пешгирии тамбашавии нақлиёт дар шаҳр пешбинӣ шудааст.
Баъди ба истифода додани ин қитъаи роҳ, мошинҳое, ки аз водии Ҳисор ба самти шарқу ҷануб мераванд, дигар аз роҳҳои дарунии пойтахт намегузаранд.
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дар идомаи лоиҳаи роҳи мошингард аз дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут сохтмони роҳи дусатҳа низ бо дарозии 67,3 метр, ки аз 4 хатти ҳаракат дар ду самт иборат мебошад, бо маром ҷараён дорад.
Масофаи умумии роҳи мошингард аз дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут 9,2 километрро ташкил дода, ҷавобгӯйи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.
Марҳалаи якуми роҳ соли 2023 дар масофаи 5 километр ба истифода дода шуда, марҳалаи дуюм ва сеюми он, ки 4,2 километрро ташкил медиҳад, тибқи нақша, бояд то соли 2027 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Дар маҷмуъ, дар масири ҳалқавии бунёдшаванда, ки дарозиаш 18 км аст ва дарвозаи ғарбии пойтахтро бо дарвозаи ҷанубии он бе даромадан ба дохили шаҳр мепайвандад, ду пули мошингузар ва як эстакадаи бисёрсатҳа низ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самаранок аз имконияту шароитҳои мавҷуда, тезондани корҳои сохтмонӣ ва пеш аз муҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор додани роҳи мазкур ба муҳандисону роҳсозон дастуру тавсияҳо доданд.
Ба ҳамин монанд ҳоло дар шаҳри Душанбе ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони иншооти зиёди иҷтимоию хизматрасонӣ вусъат дорад, ки ҳадаф аз роҳандозии ин тадбир баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ, таъмини босифати хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳон ва муаррифии урфу одат ва фарҳанги қадимаи миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон мебошад.
Санаи нашр: 04.06.2025 №: 111