ФУТБОЛ
ИМА, Чехия, Буркина-Фассо – ҳарифони тими наврасони мо дар Чемпионати ҷаҳон
Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни наврасони то 17-сола, тими наврасони Тоҷикистон ҳамроҳ бо дастаҳои ИМА, Буркина-Фассо ва Чехия дар гурӯҳи “I” қарор гирифтанд.
Чемпионат аз 3 то 27-уми ноябри соли равон дар Қатар баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон қаблан 2 маротиба – солҳои 2007 ва 2019 дар Чемпионати ҷаҳон ширкат карда буд.
Чемпионати ҷаҳони имсола аввалин мусобиқа дар таърих хоҳад буд, ки дар он 48 даста иштирок мекунад. Дастаҳо ба 12 гурӯҳ тақсим шуданд. Аз ҳар гурӯҳ дастаҳои зинаи якум ва дуюм, инчунин, 8 дастаи беҳтарини ҷойи сеюм ба марҳалаи 1/16-ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Марко Раҷини дар бораи натиҷаи қуръакашӣ чунин изҳори назар кард:
– Қуръакашӣ барои мо чандон муносиб наомад, зеро мо бо дастаҳои пурқувват ва дорои таҷрибаи бештари ширкат дар мусобиқоти бузург вомехӯрем. Дастаҳои ИМА ва Буркина-Фассо дорои сохтори хуби ҷисмонӣ ва сатҳи омодагии баланд мебошанд. Мунтахаби Чехия бошад, техникаи олӣ ва тактикаи хеле хуб дорад. Умуман, мо бояд воқеъбин бошем ва бигӯем, ки дар Чемпионати ҷаҳон ҳама дастаҳо қавианд.
Давраи омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон барои дастаи мо муҳим аст. Бояд аз тамоми имкониятҳо истифода барем, бештар машқ карда, вохӯриҳои байналмилалӣ гузаронем.
Мо дарк мекунем, ки бо рақибони пурқувват бозӣ мекунем, аммо бачаҳои мо метавонанд бо бозиашон ҳамаро ба ҳайрат биёранд ва боварии комил дорам, ки онҳо ба мардуми Тоҷикистон ҳисси ифтихор мебахшанд.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ба финали Чемпионати CAFA баромад
Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Тошкент ҷараён дорад, пирӯзии дуюмро ба даст овард.
Футболбозони навраси мо дар даври ниҳоии марҳалаи гурӯҳӣ бар тими Афғонистон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда, бо шаш имтиёз дар гурӯҳи «В» мақоми аввалро касб карданд.
Ҳамин тариқ, мунтахаби наврасони кишвар ба финали мусобиқа роҳ ёфт ва бо ғолиби гурӯҳи «А» – мунтахаби наврасони Ӯзбекистон вомехӯрад. Бозии ҳал-кунандаи Чемпионати CAFA-2025-уми 31-уми май доир мегардад. Дастаҳои Туркманистон ва Қирғизистон барои ҷойи сеюм, Эрон бо Афғонистон барои ҷойи панҷум бозӣ мекунанд.
ГӮШТИН
Дар Улан-Батор Мусобиқаи рейтингии UWW баргузор мешавад
Имрӯз – 29-уми май – дар пойтахти Муғулистон, шаҳри Улан-Батор Мусобиқаи рейтингии Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштинҳо (UWW) шуруъ шуд.
Ин пас аз мусобиқаи Загреб (Хорватия) дар моҳи феврал, мусобиқаи дуюми рейтингӣ дар соли равон мебошад.
Ба иттилои UWW, беш аз 300 паҳлавон барои беҳтар кардани мавқеашон дар радабандии ҷаҳонӣ дар мусобиқа ширкат доранд. Ҷумҳурии моро ду нафар –Виктор Рассадин (70 кг) ва Магомед Евлоев (79 кг) намояндагӣ мекунанд.
Мусобиқа то 1-уми июн идома меёбад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.05.2025 №: 107
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН