ТОҶИКПИСАР. ДИЛОВАРЕ БО СЕ ДАРАҶАИ ОРДЕНИ ШАРАФ
Дар кишвари азизамон Тоҷикистон ҳар сол чун дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ 9-уми май ҳамчун Рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Мардум ин рӯзро ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ ҳамчун яке аз санаҳои муҳими таърихӣ – ғалаба бар фашизм медонанд ва ботантана таҷлил менамоянд.
Бо гувоҳи таърих дар ин ҷанги хонумонсӯз аз Тоҷикистони азизи мо зиёда аз 300 ҳазор нафар ба ҷанг рафт, ки беш аз 25 ҳазор нафарашон аз шаҳру ноҳияи Истаравшан ва Шаҳристон буданд. Аз ин шумора, 12 ҳазор нафар аз ҷанг барнагашт. Аз байни ҷанговарони Истаравшан 4000 нафар дар майдонҳои ҷанг халок шуда, 3000 нафар беному нишон гаштаанд. Қариб 100 нафарашон аз ҷароҳатҳои бардоштаашон дар госпиталҳову қисмҳои санитарию беморхонаҳо вафот карданд.
Аз фиристодагони Истаравшан барои дар ҷангҳо қаҳрамониҳои бемисл нишон доданашон се нафар бо ордени Шараф - дараҷаҳои I, II ва III, ки ҳуқуқаш ба Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ баробар буд, сазовор гардидаанд. 11 нафар бо орденҳои Шараф дараҷаҳои II ва III, зиёда аз 100 нафар бо орденҳои Шараф дараҷаи III мукофотонда шудаанд. Дар байни онҳо Раҳим Раҳмонов, Александр Курқшев, Абдуназар Фармонқулов - дорандагони ҳар се дараҷаи ордени Шараф мебошанд.
Фарзанди диловари халқи тоҷик Абдуназар Фармонқулов 22-юми марти соли 1922 дар деҳаи Нофароҷи шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст. То даъват шуданаш ба сафи артиш дар колхози «Қизил Аскар»-и ноҳияи он вақт Ӯротеппа колхозчӣ шуда кор кардааст. Баъдан, моҳи сентябри соли 1939 ба сафи армияи шуравӣ даъват мешавад, ки акнун ба синни 18 қадам гузошта буд.
Ӯ дар шаҳри Гроднои вилояти Мински Белоруссия чун аскари қаторӣ хизматро оғоз кард, сипас ба ҳайси артиллерист дар ҳайати полки тирандозии дивизияи 175-уми тирандозӣ хизматашро идома дод. Абдуназар Фармонқулов аз ибтидо то интиҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар озод намудани шаҳру деҳаҳои мухталиф фаъолона иштирок намудааст. Ҳуҷҷатҳое, ки дар архиви Вазорати мудофиаи Иттиҳоди Шуравӣ маҳфузанд, гувоҳи он мебошанд, ки ин марди корзор ҳамеша диловарона ҷангидааст. Дар яке аз варақаҳои мукофот дар бораи корнамоии ӯ чунин навишта шудааст: «Ефрейтор Фармонқулов дар озод кардани қишлоқи Вулка ва шаҳри Ковели вилояти Волинск, дар ҷангҳои шадид аз 18-уми март то 10-уми апрели соли 1944 дар сафи пеши қӯшуни пиёдаи советӣ чун разведкачии назоратчӣ амал карда, 7 пулемёт ва ду нуқтаи назоратии душманро ошкор намуд, ки онро артилерияи мо зада несту нобуд кард».
29-уми марти соли 1944 бошад, ҳангоми зада гардондани ҳуҷуми душман Фармонқулов бо пулемёти дастиаш 7 гитлериро нобуд кард. Барои чунин ҷасораташ бо фармони дивизияи 175-уми тирандозӣ бо ордени Шараф дараҷаи III мукофотонда шуд.
Ин мукофот, Абдуназарро ба корнамоиҳои навин ҳидоят намуд. Ҳуҷҷати дигари бойгонӣ чунин далолат мекунад: «Ефрейтор Абдуназар Фармонқулов аз 18 то 27-уми июли соли 1944 дар ҷангҳои озод кардани қишлоқи Синдкни райони Моисевскии вилояти Волкнск ва қишлоқи Словасинновк, райони Баяло - Подляси вилояти Люблино бо оташи тӯпи худ ду паноҳгоҳ, се нуқтаи оташфишонӣ, се пулемёт ва зиёда аз 45 гитлериро несту нобуд кард». Барои чунин шуҷоату далерӣ ӯ бо ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардонда мешавад.
Дар ҳуҷҷати дигари бойгонӣ дар бораи корнамоиҳои баъдинаи Абдуназар Фармонқулов чунин сабт шудааст: «10-уми сентябри соли 1944 А. Фармонқулов дар рахна кардани мудофиаи мустаҳками душман дар райони стансияи Мендзелес ва дар ҷангҳои навбатии озод кардани шаҳрҳои Грозов, Прага аз 12 то 16-уми сентябр ҷасурона ва бо қатъият амал кард. Вақте нишонгири тӯп ҳалок гардид, Фармонқулов ба ҷойи вай гузашта бо оташи тӯп 8 пулемёт, 5 нуқтаи оташфишонӣ ва беш аз ду взвод сарбози фашистиро несту нобуд кард».
Барои чунин қаҳрамониаш 22-юми феврали соли 1945 Президиуми Совети Олии СССР ӯро бо ордени Шараф дараҷаи I мукофотонид.
Ҳамин тавр, ба Абдуназар Фармонқулов ҳар се дараҷаи ордени Шараф насиб гардид. Ӯ аввалин ҷанговари тоҷик аст, ки бо мукофоти Олии СССР бо ҳар се ордени Шараф сарфароз гаштааст.
Абдуназар Фармонқулов охирҳои соли 1946 ба зодгоҳаш шаҳри Истаравшан бармегардад. Соли 1982 ба нафақа мебарояд ва дар синни 96-солагӣ аз олам чашм мепӯшад, вале хотираи неки ин марди ҷасуру диловари тоҷик дар саҳфаҳои таърих абадан сабт гардида, ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум фаромӯш нахоҳад шуд.
Саъдулло МАҲКАМОВ,
рӯзноманигор
Санаи нашр: 29.05.2025 №: 107
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН