ТОҶИКИСТОН. ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАШАББУСҲО БА МАНФИАТИ БАШАРИЯТ
Пиряхҳо аз ҳассостарин нишондиҳандаҳои тағйирёбии иқлим ба ҳисоб рафта, дар даҳсолаҳои охир олимон обшавии босуръати онҳоро дар сартосари ҷаҳон сабт кардаанд. Ин тағйирот ба иқлими ҷаҳонӣ, сатҳи баҳр, захираҳои оби ошомиданӣ ва ҷомеаҳои инсонӣ таъсири манфии ҷиддӣ дорад.
КОҲИШИ ГЛОБАЛИИ ПИРЯХҲО
Тибқи тадқиқоте, ки дар маҷаллаи «Nature» нашр шудааст, пиряхҳо дар байни солҳои 2000-ум то 2019-ум ҳамасола, тақрибан, 267 тонна яхро аз даст додаанд. Дар бист соли охир талафоти ях дар минтақаҳои Гренландия 4,700 Гт (гигатонна), Антарктида 2,700 Гт, кӯҳҳои Алп то 60 дарсадро ташкил дода, дар Ҳимолой аз соли 1976 зиёда аз 40 дарсади пиряхҳо нест шудаанд.
Тибқи маълумоти Хадамоти ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо, сатҳи талафоти пиряхҳо ду баробар афзоиш ёфтааст. Соли 1990 талафот 134 Гт/сол буд, дар ҳоле ки то соли 2019 он, аллакай, то 267 Гт/сол зиёд гаштааст. Барои мисол, пиряхи Колумбия (Аляска) дар як сол то 35 метр кам мешавад. Дар кӯҳҳои Алп ғафсии ях дар баъзе пиряхҳо то 1 метр кам шудааст.
Мувофиқи маълумоти NASA ва IPCC, обшавии пиряхҳо дуюмин манбаи баландшавии сатҳи баҳр (пас аз тавсеаи гармии уқёнус) мебошад. Аз соли 1993 то соли 2023 сатҳи баҳри ҷаҳонӣ 9,1 см боло рафтааст, ки беш аз 30 дарсади он ба обшавии пиряхҳо рост меояд
ВАЗЪ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Вазъи пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, боиси нигаронии ҷиддии олимон ва созмонҳои байналмилалӣ шудааст. Дар шароити тағйирёбии иқлим, пиряхҳои минтақа зуд об мешаванд ва ба амнияти об, ғизо ва энергетикии миллионҳо нафар таҳдид мекунанд. Обе, ки аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма гирифта, ба дигар кишварҳои ҳамсоя ҷорӣ мешавад, 446 километри мукааб оби ошомиданӣ мебошад. Давоми 30 соли охир дар ин ҷо зиёда аз 1000 пирях аз байн рафтааст. Обшавии пиряхҳо ба таъмини оби рӯдхонаҳои Вахш, Панҷ ва Зарафшон таҳдид мекунад, ки Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя аз онҳо вобастагии калон доранд.
ПАЙОМАДҲОИ ФАЛОКАТБОР
Дигаргуншавии иқлим барои одамон ва табиат оқибатҳои нохуш ба бор меорад. То соли 2100, вобаста ба сенарияи партовҳои гулхонаӣ, сатҳи баҳр метавонад то 1 метр боло равад. Иқлим мувозинати худро аз даст медиҳад. Аз байн рафтани пиряхҳое, ки дарёҳои калонтарин – Ганг, Ҳинду, Янтзе, Колорадоро ғизо медиҳанд, боиси хушксолиҳои мавсимӣ ва буҳрони обӣ барои миллиардҳо одамон мегарданд. Ҳамчунин, бисёре аз экосистемаҳои ба обҳои пирях вобастабуда дар хатари нобудшавӣ қарор доранд. Гуфта мешавад, ки Осиёи Марказӣ то соли 2050 то сеяки пиряхҳои худро, ки манбаи оби ошомиданӣ ва полизӣ мебошад, аз даст медиҳад.
ТАШАББУСҲОИ НАҶОТБАХШ
Ташаббуси навбатии Тоҷикистон – эълон гардидани соли 2025– Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид барои ҳалли маҳз чунин мушкилоти вобаста ба обу иқлим равона шудааст. Аз 29 то 31-уми майи соли равон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар чаҳорчӯби ин иқдом ташкил шудааст. Дар Конфронс масъалаҳои муҳими марбут ба обу иқлими сайёра, хосса вазъи пиряхҳо дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, мониторинг, мутобиқшавӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Хулоса, ташаббусҳое, ки аз ҷониби кишвари мо, бевосита Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳифзи пиряхҳо пешниҳод шуданд ва аз ҷониби ҷомеа ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд, дар маҷмуъ, баҳри наҷоти аҳли башар аст.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 28.05.2025 №: 106
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН