ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ТАСВИБИ САНАДЕ, КИ ҲАМКОРИҲОИ АМНИЯТИРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

15 май 2025, Панҷшанбе
6
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти амнияти давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасӣ гардида, ба тасвиб расид.
Азизбек Хайриддинзода, узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни баррасии масъала иброз дошт, ки мақсад аз имзои Ёддошти тафоҳум гузоштани замина барои ҳамкориҳои дарозмуддат мебошад.
Зикр шуд, ки Ёддошти мазкур бо мақсади ба вуҷуд овардани заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои байниидоравӣ дар самти таъмини амнияти ашхоси муҳофизатшаванда, зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-уми апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.
Таъкид гардид, ки бо назардошти афзоиши таҳдиду хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дар сатҳи лозима ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷониба миёни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти амнияти давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти таъмини амнияти шахсони муҳофизатшаванда зарурати баимзорасонии тафоҳум пеш омад.
– Ин санад имкон медиҳад, ки ҳамкориҳо бо Хадамоти амнияти давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти таъмини амнияти шахсони муҳофизатшаванда, омодасозии кадрҳо, такмили ихтисоси мутахассисон, мубодилаи таҷриба, санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии адабиёти илмӣ – техникӣ, табодули иттилооти фаврӣ, аз ҷумла дар бораи амалҳои тарҳрезишуда нисбат ба ашхоси муҳофизатшаванда ва пешгирии чунин ҷиноятҳо, роҳандозии мукотибот оид ба гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нисбати шахсони ҷинояткор, мусоидат ва ҳамкориҳои илмиву техникӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таҳким ёбад, – гуфт Фарҳод Камолзода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.05.2025 №: 96