БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО
14-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани иловаҳо ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба Қонун «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ» ба дастгирии давлатии сармоягузорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ равона гардидааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷавобгарии ҷиноятиро барои дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштани лайк ё дигар аломат бекор мекунад.
Қонунҳои баимзорасида барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани зиндагии мардум мусоидат менамоянд.
Матни пурраи қонунҳо дар матбуот нашр мешавад.
Санаи нашр: 14.05.2025 №: 95
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
13 феврал 2025, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ