ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. САДОҚАТ БА АРЗИШҲОИ ВАТАНДОРИРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД
Мавсими навбатии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сол ба сол ин маъракаи муҳим шукӯҳи тозатар касб карда, сафи ҷавонони ихтиёрӣ ҳам ба хидмати ҳарбӣ дар ҳоли афзудан аст.
Фирӯза Шерматова, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом, дар маъракаи баҳории даъвати имсола фарзандашро ба хизмати ҳарбӣ гусел карда, имрӯз аз модари сарбози Ватан будан ифтихор мекунад.
– Дар қатори дигар модарон хушнуду сарфарозам, ки фарзандам бо хоҳиши худ, баъд аз хатми донишгоҳ, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст ва ман ифтихор дорам, ки ӯ барои ҳимояи марзу буми сарзамин омода аст, зеро хизмат дар Артиши миллӣ ба солимии ҷисмонӣ ва равонии ҷавонон мусоидат мекунад, онҳо бо тарзи ҳаёти солим ва интизоми қатъӣ шинос мешаванд, – мегӯяд модари сарбоз.
Ҷавоҳир Шерматов, ки имрӯзҳо ба қасами ҳарбӣ омодагӣ мебинад, эҳсоси худро чунин баён медорад: “Пас аз хатми донишгоҳ мақсад гузоштам, ки бо хоҳиши худ ба хизмат равам, зеро барои ман хизмат ба Ватан танҳо вазифа нест, балки қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва нишонаи садоқат ба миллату давлат аст. Имрӯз ман сарбоз ҳастам, бо сари баланд ва дили пур аз ифтихор марзу буми диёрамро ҳифз мекунам ва шукрона мекунам. Ман ин шарафро дорам, ки ба Ватан хизмат кунам”.
Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ чораву тадбирҳо ва ташаббусҳои амалиро роҳандозӣ менамояд, ки натиҷаҳои хуб ба бор меоранд. “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони тоҷик барои солҳои 2023–2027” ва “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026” аз ҷумлаи иқдомҳои зарурӣ ба шумор мераванд.
– Хизмати ҳарбӣ ҷавононро обутоб мебахшад. Онҳо бо арзишҳои ватандӯстӣ, масъулият ва ҳамкории гурӯҳӣ ошно мешаванд. Артиш имконият медиҳад, ки ҷавонон малакаҳои касбӣ ва техникӣ пайдо кунанд, ки дар оянда, дар ҳаёти шаҳрвандӣ ва касбӣ ба онҳо ёрӣ мекунад, – мегӯяд ҷанговари интернатсионалисти собиқ Ҷумҳурии Демократии Афғонистон, собиқадори меҳнат Саттор Каримов.
Сарвар Ҳамдамов, ки баъд аз анҷоми хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба зодгоҳаш шаҳри Исфара баргашт, дар суҳбат бо хабарингори “Ҷумҳурият” чунин гуфт: "Соли гузашта баъд аз хатми донишгоҳ дар яке аз қисмҳои низомии воқеъ дар вилояти Хатлон хизмат намудам. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маро обутоби ҷисмонӣ ва маънавӣ дод. Ман дар ин муддат омӯхтам, ки Ватан чи маъно дорад, бародарӣ чи қимат дорад ва чи гуна як ҷавон бояд дар назди халқ ва миллат масъулият эҳсос кунад. Ман бо чашмони худ дидам, ки чи гуна ҷавонони дигар низ бо ихлосу муҳаббат ба Ватан хизмат мекарданд. Мо дили ягона доштем – барои пос доштани сулҳу субот, барои муҳофизати хоки муқаддаси Тоҷикистон. Имрӯз, вақте ки пой ба хонаи волидайн мегузорам, ашки шодии модарамро мебинам, ки писарашро солим ва сарбаланд дар оғӯш мегирад. Дар нигоҳи падар ифтихорро мебинам. Ман эҳсос мекунам, ки на танҳо фарзанди хонадон, балки фарзанди содиқи миллат гаштаам".
Воқеан, ҳар ҷавони тоҷик бояд шукрона кунад, ки дар Тоҷикистони сулҳпарвар ва соҳибистиқлол ба воя мерасад. Дарки ин нукта бисёр муҳим аст, ки хизмати ҳарбӣ мактаби мардонагист.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”