БАРҚДУЗДӢ ХИЁНАТ АСТ
Бале, дуздидани неруи барқ ҳам ҷиноят аст. Вале то ҳол ин кирдори нангин, ки барои ин гурӯҳи манфиатҷӯ ба одати маъмулӣ табдил ёфта буд, танҳо ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маҳсуб меёфт. Ҳар кас бо ҳар роҳе, ки метавонист, аз ин неъмати бебаҳо медуздид. Ин қонуншиканӣ, ҳатто, дар фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ҳам вусъат пайдо кард, махсусан дар коргоҳҳои истеҳсолӣ, нонвойхонаву ошхонаҳо. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеши роҳи ин қонуншиканиро гирифта наметавонист.
Ниҳоят, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ намуда, дастур доданд, ки барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шавад. Дар ин самт чӣ чораҷӯӣ карда шуд? Дар ин бобат суҳбате доштем бо сардори раёсати адлияи ВМКБ, генерал-майори адлия Алихониён Қаландарбек.
Номбурда иброз дошт, ки ин амал минбаъд тибқи қонунгузорӣ ҷиноят маҳсуб меёбад. Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид, ки он қоидаҳо ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқро муайян намуд. Ҳадаф аз таҳия ва қабули Қонуни мазкур пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ ва пардохти ҳаққи истифодаи он мебошад. Тибқи Қонуни мазкур ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 2531 илова гардид, ки он барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд. Алихониён Қаландарбек зимни тавзеҳи Қонуни мазкур зикр кард, ки моддаи мазкур аз 3 қисм иборат мебошад. Дар қисми 1 барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди барқи истифодашуда бо мақсади пардохт накардани маблағи истифодаи барқ, инчунин, истифодаи барқ бе пайваст кардан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ дар давоми як соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима ба маблағи аз 365 то 547 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 3 сол татбиқ мегардад. Бар асоси қисми 2 барои содир намудани чунин кирдор ба миқдори калон аз тарафи шахс бо истифода аз мақоми давлатӣ ё аз ҷониби гурӯҳи шаҳрвандон бо маслиҳати пешакӣ айбдоршаванда аз 800 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешавад, ё ба муҳлати аз 3 то 6 сол бо маҳдуд кардан аз ишғоли мансаби муайян ва машғул шудан ба фаъолияти муайян аз озодӣ маҳрум карда мешавад. Қисми 3 ҷазоро ҷиҳати содир намудани кирдорҳои дар қисми якуму дуюми ҳамин модда пешбининамуда барои гурӯҳҳои муташаккил ва иттиҳодияҳои ҷиноятӣ муқаррар мекунад. Тибқи ин қисм, агар кирдорҳои мазкур ба миқдори махсусан калон аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккил ва ё ташкилоти ҷиноятӣ содир шуда бошад, айбдоршаванда бо маҳрум намудан то 5 сол аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати аз 6 то 10 сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад.
Намояндагони халқ дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули лоиҳаи Қонуни мазкурро амри зарурӣ дониста, ба тарафдории он овоз доданд. Зикр гардид, ки пурқувват намудани ҷавобгарӣ нисбат ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ хеле муҳим ва саривақтӣ буда, даровардани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии кишвар дар ин самт на танҳо аҳамияти иқтисодӣ дорад, балки ба таҳкими фарҳанги истифодаи оқилона ва сарфакоронаи қувваи барқ мусоидат мекунад.
Мавриди зикр аст, ки айни замон ҳастанд корхонаву коргоҳҳое, ки маблағи барқи истифоданамудаашонро пардохт накарда, миллионҳо сомонӣ қарздоранд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.04.2025 №: 83
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН