ФУТБОЛ

26 феврал 2025, Чоршанбе
16


Осиёи Марказӣ барои мизбонии Ҷоми Осиё-2031 талош меварзад
Федератсияи футболи Тоҷикистон, Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон ва Иттиҳодияи футболи Қирғизистон расман ҳавасмандии муштараки худро барои мизбонии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2031 изҳор намуданд. 
Дар тули солҳо Ҷоми Осиё ба яке аз рӯйдодҳои барҷастаи варзишии ҷаҳон табдил ёфта, беҳтарин истеъдодҳои футболро аз саросари Осиё гирди ҳам меорад. Чорабинӣ на танҳо як мусобиқа, балки катализатори рушди футбол буда, ба кишвари мизбон заминаеро барои беҳтар кардани инфрасохтори варзишӣ ва оммавияти футбол фароҳам меорад.
Дар дархост, аз ҷумла омадааст: «Ҷоми Осиё бештар аз як мусобиқаи футбол аст - ҷашни ваҳдат, пешрафт ва рушди варзиш. Осиёи Марказӣ фарҳанги амиқи футбол ва мухлисони ашаддӣ дорад ва мо итминон дорем, ки Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар якҷоягӣ метавонанд як мусобиқаи истисноиро баргузор кунанд".
Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҳанӯз дар Конгресси CAFA соли 2023 хоҳиши пешниҳоди дархости муштарак барои баргузории Ҷоми Осиёро изҳор намуда буд: «Минтақаи Осиёи Марказӣ дар таърихи худ ҳеҷ гоҳ қисми ниҳоии Ҷоми Осиёро мизбонӣ накардааст. Ман фикр мекунам, ки фурсат фаро расидааст. Минтақаи моро дастаҳои хеле пурқувват намояндагӣ мекунанд ва бовар дорам, ки қисми ниҳоии Ҷоми Осиёро дар сатҳи баланд баргузор мекунем».
Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон ал-Халифа дар он Конгресс аз ташаббуси Рустами Эмомалӣ дар мавриди пешниҳоди дархости муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мизбонии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё пуштибонӣ кард ва гуфт, ки ин минтақа сазовори баргузории мусобиқаи Осиё байни тимҳои миллӣ аст.

БОКС
Рақиби навбатии 
Усмонов дар бокси 
касбӣ муайян гардид
Боксёри маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов 15-уми март дар мусобиқаи RCC Boxing Promotions дар Екатеринбурги Россия иштирок мекунад. 
Ҳарифаш боксёри ӯзбек Нодирбек Сойибов мебошад.
Охирон маротиба Баҳодур моҳи ноябри соли 2024 дар марҳалаи чорякниҳоии мусобиқаи “IBA Kunlun Fight World Cup” дар Пекин бар муштзани чинӣ Ванг Ле Куан ғалаба карда буд.

ГӮШТИН
Ширкати паҳлавонони 
кишвар дар мусобиқаи рейтингӣ
Аз 26-уми феврал то 2-юми март дар шаҳри Тиранаи Албания Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ ба хотираи Муҳаммад Мало баргузор мешавад.
Мусобиқа рейтингӣ буда, дар он иштироки 500 варзишгар дар назар аст. Аз ҷумла, ҷумҳурии моро ду варзишгар – Айаал Белолюбский (57 кг) ва Камол Бегаков (65 кг) дар гӯштини тарзи озод намояндагӣ мекунанд.

БОЗИҲОИ МАҶМУӢ
Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар 
Арабистони Саудӣ доир мешавад
20 сол пас аз баргузории нахустин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Макка, Арабистони Саудӣ бори дигар дар маркази варзиши минтақавӣ қарор мегирад. 7-21-уми ноябр шаҳри Риёз варзишгарони кишварҳои исломиро барои шашум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ истиқбол хоҳад кард, ки ҳадаф таҳкими дӯстӣ байни мусулмонон мебошад.
Ин бори аввал аст, ки як кишвар ду маротиба мизбони Бозиҳо мешавад. Дар ибтидо шаҳри Яундеи Камерун мизбони чорабинӣ интихоб шуда буд, аммо ба таври ғайричашмдошт ба Арабистони Саудӣ кӯчонда шуд, ки сабабаш гуфта нашудааст. Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ танҳо аз медалу рекордҳо иборат нест. Он аз ҷониби Созмони ҳамкории исломӣ ва Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ (ISSF) ташкил карда шуда, ҳамчун платформа барои иттиҳод, ҳувияти фарҳангӣ ва фарогирӣ дар ҷаҳони мусулмонӣ хидмат мекунад. Айни замон 57 кишвар узви СҲИ мебошад.
Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ бори аввал соли 2005 дар Макка барпо гардида, барои мусобиқаҳои оянда асос гузоштанд. Соли 2009 ин чорабинӣ дар Теҳрон, пас аз чор сол дар Палембанги Индонезия, баъдан, соли 2017 дар Боку ва соли 2021 дар Конияи Туркия доир гаштанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 26.02.2025 №: 44