ФУТБОЛ

25 феврал 2025, Сешанбе
7


“Истиқлол” – барандаи Ҷоми ФФТ
Мусобиқаи пешазмавсимӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 ба анҷом расид. 
Дар финал дастаи «Истиқлол» бар КМВА бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ҳар ду голро Денис Беганович ба номаш сабт кард. Дар бозӣ барои ҷойи сеюм бошад, «Панҷшер» ба дарвозаи «Сомон» се голи беҷавоб зад.
Пас аз анҷоми вохӯриҳо маросими ҷоизасупорӣ доир шуд. Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол» Денис Беганович беҳтарин бозигари финал эътироф гашт. Тими “Истиқлол” ба ҷуз аз Ҷом, бо 50 ҳазор сомонӣ қадр шуд. Дастаи КМВА соҳиби 30 ҳазор сомонӣ ва «Панҷшер» соҳиби 20 ҳазор сомонӣ гардиданд.
Ҷоми  ФФТ аз соли 2012 доир мегардад. Дар мусобиқа аз ҳама бештар – ҳафт бор – “Истиқлол”-и Душанбе ғолиб гардидааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор, “Хайр”-и Ваҳдат, “Кӯктош”-и Рӯдакӣ, КМВА-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб якмаротибаӣ барандаи Ҷом шудаанд.


ТАЕКВОНДО
Варзишгардухтарони тоҷик дар Покистон сазовори медал 
шуданд
14-19-уми феврал дар пойтахти Покистон – Исломобод Чемпионати кушоди Осиё оид ба таеквондо баргузор шуд, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат намуданд.
Ба иттилои Федератсияи таеквондо ВТ-и Тоҷикистон, кишвари моро ду варзишгарбону муаррифӣ карда, сазовори ду медал шуданд. Иштирокчии Бозиҳои олимпии Париж-2024 Мунира Абдусаломова дар вазни +73 кг ҷойи якумро сазовор шуда, Бибиоиша Шарипова дар вазни -62 кг миёни ҷавонон ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гашт.


БОКС
Дурахши муштзанони ҷавони кишвар дар Қазоқистон
Дар Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Манарбек Ихсанов дар Қазоқистон, ки 20-23-юми феврал баргузор шуд, муштзанони ҷавони тоҷик ба гирифтани 6 медал – 2 тилло ва 4 биринҷӣ ноил гардиданд.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, медалҳои тиллоро Беҳрӯз Умаров (48 кг) ва Амир Нозимов (75 кг) сазовор гаштанд. Фирӯзҷон Бойматов (44 кг), Беҳрӯз Охунов (46 кг), Акбарҷон Абдуллоев (57 кг) ва Ҷаҳонгир Рӯзибоев (80 кг) ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф шуданд.
Дар мусобиқа варзишгарони ҷавони 5 кишвар - Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат карданд.


ГӮШТИНГИРӢ
Чемпионҳои нави Тоҷикистон муайян шуданд
22-23-юми феврал дар Маҷмааи варзишии ДМТ Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ доир гашт.
Мусобиқа бо иштироки 400 варзишгари ҳамаи минтақаҳои кишвар аз рӯи 10 вазн – 7 вазн миёни мардҳо ва 3 вазн миёни бонувон сурат гирифт.
Дар натиҷа, Сомон Аламов (60 кг), Ёсин Бобокалонов (65 кг), Дилшод Исҳоқов (71 кг), Маҳмадшариф Наҷмиддинов (78 кг), Ҳақназар Назаров (86 кг), Исроил Раҳимов (95 кг), Шарифҷон Назриев (+95 кг) миёни мардҳо, Аҳлия Муъминова (52 кг), Фотима Исанбоева (57 кг), Ҷонона Назарова (63 кг) миёни бонувон унвони чемпиони Тоҷикистон дар соли 2025-ро сазовор шуданд. 

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 25.02.2025 №: 43